Ба хирман, барака!

Ба хирман, барака!

Ғаллакорони ноҳияи Самарқанд ба муроди дил расиданд. Онҳо ба давлат беш аз 7800 тонна ғалла супорида, нақшаи шартномавиро сарбаландона иҷро карданд. Аксарияти хоҷагиҳои фермерӣ аз як гектар 55-60 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Хоҷагиҳои фермерии «Зарафшон агрофирма», «Шаҳноза-­Комила Азизхон», «Файзуллоев Сайфулло», «Пирматов Эшбой ноз-­неъматлари», «Абдуманнон янги нок боғлари» ва ғайра то 80-100 сентнерӣ ҳосил гирифтанд, ки лоиқи таҳсин аст.
– Қариб 20 адад комбайнҳои замонавӣ шабу рӯз дар саҳро буданд, – гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия Хуршед Ӯроқов. – Барои шароити мусоиди техника чораҳои судманд андешидем. Механизаторон Анвар Йӯлдошев, Эрмат Шарифов, Алӣ Нурмуҳаммадов дар як шабонарӯз 100-120 тонна ғалла ҷамъ оварда, ба хирман супурданд. Гарчанд нақшаи сол иҷро шуд, вале ҷамъоварии ғалла идома дорад. Ният дорем, ки боз ҳазор тонна ғалла супорем. Воқеан, деҳқонон ба кишти ҳосили дуюми заминҳои обӣ пардохтанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: