Ифтихори мураббӣ

Ифтихори мураббӣ

Солҳои охир дар мамлакатамон, аз ҷумла дар вилоятамон ба ривоҷи тамоми намудҳои варзиш эътибори ҷудогона дода мешавад. Аз ҳамин сабаб варзишгарони мо дар мусобиқаҳои ҷаҳон, қитъа, байналхалқӣ фаъол иштирок намуда, байрақи мамлакатро баланд мебардоранд.
Ҳангоми аз варзишгарон гирифтани блитс – интервю як чиз эътиборамонро ба худ кашид. Онҳо пеш аз ҳама мураббиёни худро ном гирифта, ба онҳо миннатдорӣ баён карданд ва ин албатта бесабаб нест. Мураббиён баробари омӯхтани асрори ин ё он намуди варзиш ба шогирдон низ тарбия медиҳанд. Онҳо варзишгаронро аз нос ва сигоркашӣ барин иллатҳои бад дур мекунанд. Дар ҳама ҷой, чӣ дар мактабу коллеҷҳо, чӣ дар таълимгоҳҳои олӣ варзишгаронро қадр мекунанд. Мураббиён аз муваффақияти шогирдон болида, бо онҳо ифтихор мекунанд.
Дар маҳаллаи Боғибаланди шаҳри Самарқанд мураббии 44-солаи шӯъбаи самарқандии Федератсияи FUDOKAN KARATE DO – и Ӯзбекистон, устоди варзиш, соҳиби камари сиёҳи дараҷаи III Шукрулло Раҳимовро нағз мешиносанд. Охир ӯро нашинохта ҳам мешавад? Дар мактаби таълими ҳамагонӣ дар ҳафта 3 рӯз ба хоҳишмандон ҳунари каратеро бепул омӯхтан на кори ҳар инсон аст. Бале, ӯ чоряк аср ин ҷониб бегоҳирӯзиҳо дар толори варзишии мактаби таълими умумии рақами 70-и шаҳр ба хоҳишмандони аз 5-сола боло асрори KARATE DO‑ро меомӯзад. Дар толори варзишии ҳавлиаш ҳам таълими пулакиро ба роҳ мондааст. Вай дар Самарқанд аз рӯйи ин намуд ҳаками ягонаи дорои тоифаи ҷумҳуриявӣ мебошад. Имрӯзҳо ӯ дар вақти холии худ ба ронандагӣ машғул аст.
Ш. Раҳимов соли 1990 чемпиони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ шуда, устоди варзиши иттифоқро ба даст оварда буд. Солҳо дар мактаби таълими умумии рақами 70 –и шаҳри Самарқанд аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс дод. Ӯ дар зодгоҳаш, маҳаллаҳои гирду атроф ва ноҳияҳои Ургуту Тайлоқ, Пайариқу Қӯшработ садҳо нафар шогирдон дорад.
Истилоҳи KARATE ба мо аз Япония омада, 7 намуд дорад ва беҳтаринаш KARATE DO аст, ки маънои санъати дасти холӣ ва асос, қалъа (DO)-ро дорад. Дар он варзишгарон соҳиби камарҳои сафед, зард, зангор, кабуд (1 ва 2) ҷигарранг, 1,2, 3) сиёҳ (дараҷаҳои 1-10) шуданашон мумкин аст.
Аз шогирдонаш 12 нафар соҳиби камари сиёҳи дараҷаи I мебошанд. Инҳо ҳуқуқи мураббигӣ карданро доранд.
Шогирдонаш дар мусобиқаҳои байналхалқии давлатҳои Россия, Украина, Беларус, Туркия, Франсия, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок кардаанд.
Аз ҷумла, Парвиз Нуруллоев чемпиони секаратаи Ӯзбекистон, ҷоизадори мусобиқаи байналхалқӣ, соҳиби камари сиёҳи дараҷаи I мебошад. Ӯ 10 сол ин ҷониб бо ин намуди варзиш шуғл меварзад ва имрӯзҳо толибилми коллеҷи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Самарқанд аст. Шогирди 7-солааш Ҳабибулло Қамариддинови қӯшроботиро падараш ҳафтае 3 маротиба аз Қӯшработ барин ҷойи дур меорад. Ӯ аъзои ҷамоаи яккачини мамлакат буда, 2 маротиба чемпиони Ӯзбекистон шудааст. Вай моҳи оянда барои иштирок дар мусобиқаи байналхалқии «PARIJ OPEN» ба Франсия меравад. Ҳасан ва Ҳусейн Толибовҳои боғибаландии 13 –сола имсол ҷорӣ дар чемпионати Ӯзбекистон иштирок карданд.
– Аз онҳое, ки ба шогирдӣ қабул мекунам 5 чизро талаб мекунам, – мегӯяд мураббии пуртаҷриба Шукрулло Раҳимов. – Инҳо ба тартибу интизом қатъӣ риоя намудан, дар толори варзишӣ худдорӣ кардан, аз иллатҳои бад дур будан, дар мактаби худ бо баҳоҳои хубу аъло хондан мебошад. Ба тартибвайронкардагон ҷазои варзишӣ медиҳам. Аз муваффақиятҳои шогирдон фахр мекунам.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: