Дар вақти таътил…

Дар вақти таътил…

Дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Ситора»-и ноҳияи Самарқанд, ки дар доманакӯҳи Оҳалик ҷойгир аст, аз 27-уми июн басти дуюми қабули истироҳат кунандагон оғоз гардидааст. Дар давоми 12 рӯз дар маҳфилҳои гуногун баробари истироҳат истеъдоди онҳо сайқал меёбад. Тамара Рустамова, Ботур Ҳасанов, Шерзод Шомуродов барин мураббиён мекӯшанд, ки ҳар як рӯзи 269 нафар истироҳаткунанда хуш ва хотирмон гузарад. Сарошпаз Лӯъбат Раҷабова бо хӯрокҳои болаззати серғизо кайфияташонро мебардорад. Хазинаи китобхонаи истироҳатгоҳ дорои 750 китоб аст ва бачагон метавонанд вақти дилхоҳ аз онҳо истифода баранд.
– Барои истироҳати бофароғати бачаҳо тамоми шароит муҳайёст, – гуфт сарвари истироҳатгоҳ Ш. Соҳибов. – Хонаҳои хоби хушҳаво, толорҳои варзиш, ҳавзҳои оббозӣ дар ихтиёри онҳост. Дар ҳавои гарми тобистон дар сояи дарахтон истироҳат намуда, аз ҳавои тозаву беғубори кӯҳсор баҳравар мешаванд. Умед дорем, ки ин истироҳат дер гоҳ дар хотирашон мемонад.

Д.НАСИМӢ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: