Ташкили намоишгоҳҳо дӯстии байни халқҳоро мустаҳкам менамояд

Ташкили намоишгоҳҳо дӯстии байни халқҳоро мустаҳкам менамояд

Рӯзи 4-уми июл дар Галереяи «Чорсӯ»-и шаҳри Самарқанд намоиши суратҳои аъзои Иттиҳоди байналхалқии конфедератсияи журналистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурияти Тоҷикистон Шӯҳрати Ёр таҳти шиори «Дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон абадӣ бод!» оғоз ёфт. Кушодашавии расмии он таҳти сарварии раиси шӯъбаи вилоятии Академияи бадеии Ӯзбекистон Акбар Фозилов гузашт. Дар он академики Академияи бадеии Ӯзбекистон, рассом Аслиддин Исоев, рассом Дилором Раҳимова, ороишгарони саҳнаи театрҳои драмаи мусиқӣ ва лӯхтаки вилоят Баҳром Сафоев, Николай Султонов, Артисти халқии Тоҷикистон Асадулло Атоуллоев, ташаббускор ва ташкилотчии намоиш Амина Шарофиддинова, профессор Аслиддин Қамарзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.
Аксбардорӣ дар таърихи маданияти одамизод соҳаи нави санъат аст. Он нозукиҳои ба худ хосе дорад. Ҳатто 100 сол пеш мо суратгирҳои маҳаллӣ надоштем. Аксҳои таърихии пешинаро фотографҳои русу аврупоӣ бардоштаанд. Солҳои охир ин навъи санъат ривоҷ меёбад. Шӯҳрати Ёр ҳам аз солҳои 1990 ба ин кор камар бастааст. Дар давоми ин солҳо ҳамчун суратгири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурияти Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расондааст. Ҳатто берун аз ҷумҳурияти Тоҷикистон дар Москва, Туркманистон, Покистон, Қувайт, Германия, Исроил, Осетияи Шимолӣ, Доғистон ва ғайра намоиши асарҳояшро ташкил кардааст.
Дар ин намоишгоҳ 120 асари Шӯҳрати Ёр барои тамошо гузошта шудааст. Онҳо ба мавзӯъҳои таърихӣ, пешрафти солҳои истиқлол, бунёдкорӣ ва чеҳраҳои мардуми меҳнатқаринро фаро мегиранд. Имсол, ки дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ба ин масъала низ эътибор додааст.
– Ба туфайли ин намоишгоҳ гӯё ба Тоҷикистон саёҳат кардам, – гуфт сокини маҳаллаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанд Вафоқул Эшонқулов. – Ташкили чунин намоишгоҳҳо робитаи байни давлатҳо ва дӯстии халқҳоро мустаҳкам менамояд.
Баъди Самарқанд намоиши суратҳои Шӯҳрати Ёр дар Бухоро низ ташкил мегардад.

Б.ҶУМЪАЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: