Хизматҳои Алишер Навоӣ дар инкишофи соҳаи тандурустӣ

Хизматҳои Алишер Навоӣ дар инкишофи соҳаи тандурустӣ

Дар асри XV дар шаҳри Ҳирот ба туфайли хуб донистани асосҳои фанни тиб ва зоҳир намудани мароқ ба он, бо кӯшишоти инсонпарваронаи Алишер Навоӣ ба беҳдошти тандурустии халқ Дорушшифо, яъне Хонаи табобат кушода шудааст. Дар ин табобатгоҳ гирд омадани табибони шинохта ба инкишофи илми табобат шароити хуб фароҳам овард. Маълум аст, ки дар Шарқ аз қадим шифохонаҳо кушода, дар он беморонро табобат кардаанд ва ҷустуҷӯйҳои илмӣ бурдаанд. Аз таърихи чунин шифохонаҳо бехабар будани Алишер Навоӣ мумкин набуд.
Ҳамин тавр, дар биное, ки оғои Маҳдӣ улё Милкат созонд, шифохона кушоданд. Дар ин бора Хондамир дар боби «Дар зикри баъзе иморатҳое, ки дар Ҳирот сохтаанд»-и китоби «Хулосат ул-­ахбор» овардааст: «Биноҳои Дор-­ул-­ҳадис ва Дорушшифои оғои Маҳдӣ улё Милкат дар вақти ҳозира бо диққату эътибори ҳазрати Султон (Ҳусайн), наздикони дарёдил ва олиҷанобаш (Навоӣ) рӯ ба ободӣ овардааст» (Хондамир, «Хулосат ул-­ахбор». Дастхати Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон, инв. № 5366, саҳифаи 530). Дар ҷойи дигар навиштааст: «Дорушшифо дар ҷануби Масҷиди ҷомеъ хеле боҳашам ва ниҳоят бо назорат сохта шудааст. Ҳакимони пойи қадамашон Хизрона ва табибони нафасашон Исоёна бо давои беморон ва шифо додан ба ғарибони касал машғуланд. Ҳар чӣ барои даво ва хӯрок зарур бошад, дар ин макони муборак омада ва ҳозир аст» (Ҳамон асар, саҳ. 531. Боз бинед: «Навоӣ дар хотираи ҳамзамонон». Таҳияи Б. Аҳмадов. Тошканд, нашриёти «Адабиёт ва санъати ба номи Ғ. Ғулом» соли 1986, саҳ. 62)
Аз ин маълумоти таърихнигори шинохта, муаллифи бисёр китобҳои таърихӣ Хондамир, ки зери тарбияи А. Навоӣ ба камол расидааст ва шифохонаи мазкур, табибони онро бо чашми худ дидааст, табиист, ки бисёр корҳоро дарк кардан мумкин аст. Аз «ҳакимони қадамашон Хизрона» ва «табибони нафасашон Исоёна» гуфтанаш маълум мешавад, ки дар шифохона табибони замони худ, ҳакимоне, ки сазовори ҳурмати Навоӣ шудаанд, кор мекардаанд.
Дар шифохона шароити хуб будааст, ки дар як тарафи «Ҳавзи чун кавсар доруву дармон ва хӯрокворӣ ҳозир мекардаанд. Ғарибон, яъне онҳое, ки аз минтақаҳои дури мамлакат меомаданд, низ дар Дорушшифо табобат мегирифтанд. Хӯрок дар Дорушшифо ройгон будааст. Чунки Хондамир дар чанд ҷойи «Хулосат ул-­ахбор» навиштааст, ки дар ҳамон давр дар аксарияти масҷиду мадрасаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамоатӣ ба ғарибон хӯроки бепул медодаанд.
Мо дар бораи он, ки ба Дорушшифо киҳо аз кадом диёрҳо омада, табобат гирифтаанд, маълумот надорем. Вале дар бораи робитаҳои байни Дорушшифо ва Самарқанд маълумот ҳаст. Яке аз чунин маълумотро аз «Албоми Навоӣ» ёфтан мумкин аст. Дар ин албом нусхаи аслии мактубҳои 16 нафар муаллифоне чун Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ ва дигарон оварда шудаанд.
Дар мактуби Хоҷа Аҳрор ба Алишер Навоӣ (албоми мазкур, таҳти рақами 263) мехонем: «Баъди изҳори ниёзмандӣ арзи ин фақир ҳамин аст, ки ҷаноби ин руқъаи ҳоҷатмандиро расонида, бо умеди табобати бемории худ ба шарафи бӯсидани остонаи муборак муяссар шуд. Барои он ки фазли камоли эшон ба ҷаноби шумо равшан аст, ин фақир ба таърифу тавсиф эҳтиёҷ ҳис накард. Вассалом! (Барои гирифтани маълумоти пурра оиди табобат гирифтани самарқандиён дар Дорушшифо нигаред: А. Ӯринбоев, М. Ҳасанов, «Навоӣ дар мактубҳои ҳамзамонон». Тошканд, «Фан» 1990).
Дар мактуби 550-уми албом Хоҷа Аҳрори Валӣ ба Навоӣ хат навишта, маълум мекунад, ки аз сабаби бемории чашм барои табиб мавлоно Муҳаммадро фиристодааст.
Мавлоно Муҳаммад аз наздикони хоҷа Аҳрор аст. Вай «Масмуот» (аз шунидаҳо) ном китоб дош­та, дар он навиштааст: «Ҳазрати эшон (Хоҷа Аҳрор), ҳангоми бори аввал бемор шудан барои овардани табиб маро ба Ҳирот фиристода буданд. Дар он вақт Мавлоно Қосим дар қайди ҳаёт буданд ва ба ман зуд Ҳирот рафта, табиб биёр, гӯён хеле муболиға карданд».
– Ба дард кашидани Ҳазрати эшон дигар тоқат карда намешинем, – гуфтанд Мавлоно Қосим.
Табибро овардам. Бинам, Мавлоно Қосим вафот кардаанд. Аз байн ҳамагӣ сиву панҷ рӯз гузашта буд.
(Ин маълумот дар боби ба Мавлоно Қосим бахшидаи китоби «Рашаҳот»-и Алӣ Сафӣ оварда шудааст).
Дар ин ҷо гуфта нашудааст, ки аз Ҳирот кадом табибро овардаанд. Вале аз манбаъҳо маълум аст, ки Абулҳай ном табиб омадааст. Дар зер доир ба ин табиб ва ба Самарқанд рафтани вай пурра маълумот медиҳем.
Дар мактуби аз Самарқанд ба Ҳирот якҷо бо Қосим навиштаи Мир Абдулаввал низ оиди дар Самарқанд паҳн шудани вабо ва дар табобати он таъсири хуб расондани мордору, ки аз мор гирифта мешавад, сухан меравад.
Мактуби ба Навоӣ фиристодаи муаллифони мазкур, ки дар албом таҳти рақами 567 омадааст, дар бораи бемории чашми Мавлоно Фазлуллоҳ меравад ва чунин даво пешниҳод шудааст:
– Як сол боз як иллат он касро бисёр парешонхотир мекунад. Дар ин тарафҳо табиби бовариноки чашме, ки қурбаш ба табобати он мерасад, нест.
Ба туфайли зарурат сафарро фарз карда, роҳи ҳамон диёрро пеш гирифтанд.
Аз шаҳре, ки роҳи сиву панҷрӯза дорад, табиб даъват кардани Хоҷа Аҳрори Валӣ ва ба чунин роҳи дур барои табобат фиристодани Мавлоно Фазлуллоҳ нишон медиҳад, ки Дорушшифои Ҳирот ва табибони он ҷо хеле соҳибтаҷриба будаанд.
Бесабаб нест, ки дар асри XV ба табобати бемориҳои чашм бештар эътибор додаанд ва нисбати дигар даврҳо дар ин мавзӯъ бисёртар китоб навиштаанд. Дар Самарқанд набудани табибе, ки бемориҳои чашмро табобат мекунад, Хоҷа Аҳрор ва наздикони ӯро ба ташвиш оварда буд ва шояд аз ин сабаб бошад, ки ба инкишофи ин соҳа эътибори алоҳида дода буданд.

Марат ҶАМОЛОВ,
дотсенти Донишкадаи давлатии
тиббии Самарқанд
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: