Самарқанд мизбони аввалин намоишгоҳи сайёҳӣ

Самарқанд мизбони аввалин намоишгоҳи сайёҳӣ

Солҳои охир бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ба сектори асосии бо кор таъмин намудан ва ривоҷёбии иҷтимоиву иқтисодӣ табдил ёфта, босуръат пеш меравад.
Дирӯз дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд намоишгоҳҳои сайёҳии Иттиҳоди давлатҳои мустақил оғоз гардид. Дар тадбир вакилони мамлакатҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Туркманистон, Белорус ва Россия иштирок карданд. Тадбирро ҳокими вилоят Э.Турдимов ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба шаҳри бостонӣ хайра мақдам гуфт.
Баъд иҷрокунандаи вазифаи сардори Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А.Оққулов ва роҳбари сектори сайёҳии кумитаи иҷроияи ИДМ Т.Ковалева оиди аҳамияти таърихӣ доштани дар Самарқанд ташкил гардидани Шӯрои навбатии сайёҳӣ ва дар доираи он якумин бор гузаронидани намоишгоҳи сайёҳиро таъкид кард.
Сипас, вакилони мамлакатҳо доир ба мустаҳкамсозии ҳамкориҳо изҳори ақида намуданд.
Дар доираи тадбир гузаронидани анҷумани байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Ҳамкории минтақавӣ ва турис­тӣ дар ИДМ: даъват ва имкониятҳои нав», мулоқоти байниҳамдигарии муассисаҳои таълими олии соҳаи сайёҳии давлатҳои ҳамдӯстӣ ва дарсҳои маҳоратии онҳо, тақдимоти фирма ва ширкатҳои сайёҳӣ доир ба самтҳои нави туристӣ, ташкили вохӯрӣ ва тадбирҳои фарҳангӣ дар назар аст.

Ситора РАҲМОНБЕРДИЕВА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: