Ташрифи ҳайати намояндагони Туркия

Ташрифи ҳайати намояндагони Туркия

Ҳайати намояндагони Ҷумҳурияти Туркия бо сарварии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурияти Туркия дар Ӯзбекистон ҷаноби Меҳмет Суреййа Эр ба Самарқанд омад.
Дар доираи ташриф меҳмонон дар ҳокимияти вилоят бо ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов вохӯрданд.
Таъкид гардид, ки солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳо робитаҳои ҳамкорӣ дар байни давлатҳои Ӯзбекистон ва Туркия васеъ ба роҳ монда мешавад. Доир ба ҷалб намудани инвеститсияҳои бевосита ба вилоят, иваз намудани таҷриба дар бинокорӣ ва ба дараҷаи андозаҳои ҷаҳонӣ баровардани фаъолияти меҳмонхонаҳо музокира давом дорад.
Инчунин, дар вохӯрӣ аҳд намуданд, ки дар оянда ҳамкориро дар масъалаҳои таълим, туризми зиёрат, инкишофи туризм байни Самарқанд ва якчанд шаҳри Туркия васеъ мекунанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: