Дар соли хониши нав 4651 нафар донишҷӯ  қабул карда мешавад

Дар соли хониши нав 4651 нафар донишҷӯ қабул карда мешавад

Бо мақсади тарбияи ҷавононе, ки қодир бошанд дар сатҳи касбӣ вазифаҳои бартаринокро бино бар рушди минбаъдаи мамлакат ҳаллу фасл кунанд, таъмин сохтани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо кадрҳои баландихтисос, ҳамчунин мувофиқи Барномаи давлатии оид ба татбиқ кардани Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёби иҷтимоӣ» аз тарафи ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ қабул гардид ва дар сохтори таълими олӣ дигаргуниҳои назаррас амалӣ мешавад.
Ҳар сол бо фарорасии мавсими қабул ба мактабҳои олӣ дар байни мардум саволи чун: «Имсол санҷиши тестӣ чӣ хел мешавад?», «Оё адолат барқарор мегардад?», «Танкҳо»-ро аз куҷо ёбам?», «Дар гурӯҳҳои тоҷикӣ дигаргунӣ ҳаст ё не?» ва амсоли инҳо пайдо мешавад, ки ин ҳолати табиӣ аст. Барои ба чунин муаммоҳо рӯшанӣ андохтан мо бо проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фанҳои физика-математика, профессор Аҳмадҷон Солеев сӯҳбат ороста, ба чанд пурсишҳои худ ҷавоб гирифтем.

– Дар асоси Қарорҳои Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ бино бар такмил додани низоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси санҷишҳои тест» ва «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмин кардани иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд» ва доир ба асоси тест қабул ба муассисаҳои таълими олӣ чорабиниҳои муфидро андешидем, – гуфт Аҳмадҷон Солеев. – Имсол дар масъалаҳои қабул навигариҳо хеле бисёранд. Яке аз онҳо аз ҷониби агентии хизмати давлатӣ қабул кардани ҳуҷҷатҳои довталабон аст. Ҳоло аз абитурентҳо маълумотнома аз муассисаҳои тиббӣ (формаи 086) ва дигар ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ талаб карда намешавад.

dav

– Барои ҳуҷҷатсупорӣ ягон хел пардохт намудан лозим аст?
– Ба онҳое, ки соли ҷорӣ мактаби миёна, коллеҷ ва литсейҳои академиро хатм кардаанд, қабули ҳуҷҷатҳо ройгон аст. Аз дигар тоифаи довталабон ба миқдори нисфи миқдори камтарини музди меҳнат, (ҳоло 101 ҳазору 365 сӯм) маблағ ситонида мешавад.
– Киҳо ба тариқи имтиёз ба донишгоҳ қабул хоҳанд шуд?
– Бо сертификати байналхалқӣ муаммоҳо бисёр буд. Имсол ҳар як дов­талаб, ки аз санҷиши тестии байналхалқӣ гузаштааст ва доир ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ гувоҳномаи махсус дорад, аз ҳамон фан имтиҳон намесупорад.
Инчунин, шаҳрвандони хориҷӣ ба тариқи сӯҳбат ба донишгоҳ қабул мешаванд. Аллакай аз Россия, Туркия ва Тоҷикистон чанд нафар аз сӯҳбат гузаштанд. Онҳо танҳо маблағи шартномаро месупоранду халос.
– Имсол чанд нафар довталабон номи мӯътабари донишҷӯйро мегиранд?
– Боиси хурсандист, ки бо ташаббус ва ғамхории Президенти кишвар бобати фароҳам овардани низоми таълими олӣ, самтҳои дахлдори бартариноки рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва талаботи меъёрҳои байналхалқӣ чораҳои васеъмиқёс андешида мешаванд. Алалхусус, кушодани самтҳои нави таълим ва ихтисос оид ба тайёркунии кадрҳо, ҳамчунин бахшҳои ғоибонаву шабона, зиёд кардани квотаи қабул дар муассисаҳои таълими олӣ дар ин самт ислоҳоти муҳим ба шумор меравад. Дар соли хониши 2019-2020 қабули 4651 нафар донишҷӯ дар назар аст, ки ин нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Аз ҷумла, 2980 нафар ба зинаи бакалавр, 260 нафар ба шӯъбаи шабона, 900 нафар ба шӯъбаи ғоибона, 322 нафар ба зинаи магистратура ва қариб 200 нафар ба гурӯҳҳои мақсаднок қабул мешаванд. Ба гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳ 194 нафар донишҷӯ қабул карда мешаванд.
– Довталабони тоҷикзабонро бо чӣ хурсанд карда метавонед?
– Агар гӯям, ки шиори «бародарӣ – баробарӣ» дар Самарқанд пойдор аст, иштибоҳ нахоҳад шуд. Далели фик­ри ман дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд вуҷуд доштани қариб даҳ гурӯҳи тоҷикӣ мебошад. Дар факултаҳои математика, физика, кимиё, биология, таърих, таълими ибтидоӣ, филология, таълими томактабӣ ва ғайра гурӯҳҳои тоҷикӣ дорем, ки дар онҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон донишҷӯён ҳастанд.
– Рӯзҳои имтиҳонсупорӣ на танҳо барои довталабон, инчунин баҳри падару модарон, хешу наздикон низ лаҳзаҳои ҳаяҷоновар аст…
– Имсол назорат пурзӯртар гардида, камераҳо ва мониторинг ба роҳ монда мешавад. Ҳаводорони имтиҳонот тавассути экранҳои калон ҷараёни санҷишҳои тестиро холисона дида, худ хулоса мебароранд. Боз як навид ин аст, ки вақти гузаронидани санҷишҳо мавҷи алоқа қатъ карда мешавад Сонӣ, довталаб бо шиноснома, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, тавассути назорати махсуси биометрӣ ва дидани мардумаки чашм, изи ангушт ба толори имтиҳонот дохил мешавад.
– Оиди робитаи донишгоҳ бо муассисаҳои таълими олии кишварҳои хориҷӣ чанд ҳарф мегуфтед…
– Донишгоҳи давлатии Самарқанд на танҳо дар Ӯзбекистон, инчунин дар Осиёи Марказӣ нуфузу эътибори хосса дорад. Ҳоло дар мактаби олӣ қариб 10 ҳазор нафар талаба ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ сабақ мегиранд.
Риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои 60 кишвари ҷаҳон мустаҳкам гардида, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос дар боргоҳҳои таълимии хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Имсол донишгоҳ 4651 нафар толибилмонро қабул карда, беш аз 150 мутахассисони гуногунҷабҳаро тайёр мекунад.
– Аҳмадҷон Солеевич, таманнои шумо ба довталабон?
– «Омад ёр бошад» мегӯям. Аммо фаромӯш набояд кард, ки қудрати илмро заволе нест. Танҳо ҷавононе, ки соҳиби дониши мукаммал ҳастанд, номи донишҷӯйро мегиранд. Бузургон гуфтаанд:
Илм рӯйи туро ба раҳ орад,
Ба чароғат ба пешгаҳ орад.

Мусоҳиб З.ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: