Нақшаи шартномавии ғалласупорӣ 109 фоиз иҷро гардид

Нақшаи шартномавии ғалласупорӣ 109 фоиз иҷро гардид

Беш аз 6 ҳазор хоҷагии фермерии вилоят пеши худ мақсад гузошта буданд, ки дар 103930 гектар замини обӣ ва 49 ҳазор гектар майдони лалмӣ ғалла корида, ба давлат 282400 тонна дон супоранд.
Натиҷаи меҳнати фидокорона ва сид­қидилонаи кишоварзон буд, ки беш аз 307 ҳазор тонна дон ҷамъоварӣ гардид ва даромади умумӣ 1 миллиарду 144 миллион сӯмро ташкил кард. Бо ёрии 344 комбайни замонавии “Кейс”, “Класс”, “Вектор” нақшаи ҷамъоварии ҳосил дар 10-12 рӯзи корӣ ба 109 фоиз иҷро карда шуд.
Ҳосилдорӣ дар заминҳои обӣ ба ҳисоби миёна 63,1 сентнерро, дар майдонҳои лалмӣ 12 сентнерро ташкил кард. Ғаллакорони ноҳияҳои Нарпай, Пахтачӣ ва Нурободи вилоят нақшаи шартномавии ғалласупориро аз аввалинҳо шуда иҷро карданд.
Ғаллакорони ноҳияи Нуробод нақшаи муқаррариро ба 129 фоиз, ноҳияи Иштихон 118 фоиз, ноҳияи Самарқанд 116 фоиз, ноҳияи Каттақӯрғон ба 108 фоиз иҷро карда, аз ҳар як гектари замин ба ҳисоби миёна 66-67-сентнерӣ ҳосил гирифтанд.
Хоҷагии фермерии “Эсонбек даласи”-и ноҳияи Пайариқ аз ҳар гектар 107-сентнерӣ ҳосил ғундошта бошад, хоҷагии фермерии “Домла Аброрий-УМР”-и ноҳияи Иштихон 83-сентнерӣ, хоҷагии фермерии “Ж.Ҳайитов”-и ноҳияи Каттақӯрғон 82-сентнерӣ, хоҷагии фермерии “Пахтакор”-и ноҳияи Нарпай 83-сентнерӣ, хоҷагии фермерии “Холбобо”-и ноҳияи Пастдарғам 92-сентнерӣ, хоҷагии фермерии “Сабриддин Ғолиб”-и ноҳияи Булунғур 81-сентнерӣ ва хоҷагии фермерии “Юлдуз файз обод”-и ноҳияи Ҷомбой 82-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, нақшаи шарномавии ғалласупориро барзиёд иҷро карданд.
Дар саҳро ҳоло ғунучини ҳосил давом дорад. Ҳосили ғаллаи 17358 гектар майдони мавҷуд ба ихтиёри хоҷагиҳои фермерӣ гузошта мешавад.


Мухбири худамон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: