Тақдири 159 объекти сохташудаи ғайриқонунӣ ҳал мегардад

Тақдири 159 объекти сохташудаи ғайриқонунӣ ҳал мегардад

Дар рафти омӯзиши корҳои сохт­монӣ комиссияи ҳукуматӣ дар 159 объект вайрон гаштани қоидаҳои бинокорӣ дар вилояти Самарқандро муайян кард. Як қисми онҳо бо вайрон кардани қоидаҳои бисёрқабатӣ дар минтақаҳои таърихӣ ё бо намуди зоҳирӣ ба шаҳри бостонӣ мутобиқат накардан қад афрохта буданд. Қароре қабул гардид, ки 18-тои он пурра вайрон карда шавад. Оиди тақдири қонунӣ будани 141 объекти боқимонда ба зиммаи комиссияи махсус вогузошта шуд.
– Барои иҷрои саривақтии ин супориш мо комиссияи экспертии Вазорати маданияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро даъват кардем, – гуфт ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Акмал Шукуров. – Дар ин ҷо, на аз рӯйи лоиҳаву дигар ҳуҷҷатҳо ва агар лозим шавад, ба худи объектҳо рафта, вазъиятро омӯхтанд. Баъди ҳамин ба хатоие роҳ надода, ба як қарори муҳиме омадан зарур гардид
Комиссияи экспертии вазорати маданият аз се нафар олимони Институти сохтмониву меъмории Тошканд ташкил ёфта буданд. Онҳо якҷоя бо намояндагони ҳокимияти маҳаллии вилоят ва шаҳр, инчунин мутахассисони садорати бинокории вилоят дар зарфи якчанд рӯз тақдири 141 объектеро, ки ба қоида ва меъёрҳои бинокорӣ риоя нашуда буданд, муайян намуданд. Масалан, комиссия таклиф намуд, ки манзараи пеши меҳмонхонаи «Александр»-и навбунёди назди кӯл вайрон карда шавад. Сохтмони бинои сеошёнаи кӯчаи Мироншоҳ танҳо дуқабата гардад.
Дар кӯчаи Мингтут меҳмонхонаи сеқабата бунёд мешавад. Аз рӯйи махсусияти ин минтақа таъкид карда шуд, ки танҳо ду қабаташ боқӣ монад.
Сохтмончиён дар кӯчаи Мироншоҳи шаҳр комплекси савдову маишии сеошёна сохтаанд. Дар лоиҳа комплекс – 1-2-қабата буд. Комиссия талб кард, ки қабати сеюми ғайриқонунӣ вайрон карда шавад.
Қариб дар ҳар як объект ҳамин хел камбудиҳо вуҷуд доштанд. Дар таҳияи ҳуҷҷатҳо низ камбудиву норасоиҳо ба назар расиданд. Ба аксари сохтмончиён ҳуҷҷатҳои иҷозати бунёди объектҳо нестанд.
Табиист, ки дар ин ҷо саволҳои бис­ёре ба миён меоянд. Ин биноҳо дар Миррих ё Моҳ бунёд нашудаанд. Мо органҳои зиёди назоратӣ дорем. Биноҳо бунёд шудаанду чаро онҳо хомӯш истоданд? Дар набудани баъзе ҳуҷҷатҳо оё танҳо соҳибони биноҳо гунаҳкоранд? Ҳангоми сӯҳбат бо онҳо маълум шуд, ки барои имзо ё гирифтани ҳуҷҷате онҳо моҳҳо аз паси мансабдорон давидаанд, вале бенатиҷа. Бисёриҳо аниқ надонистанд, ки шӯрои шаҳрсозӣ дар куҷо ҷамъомадҳои худро мегузаронад. Ҳеҷ кас то ҳол масъалаи ҷавобгарии шахсии собиқ сардори Садорати сохтмону меъмории вилоятро дар бобати он, ки чаро солҳои охир чунин ҳодисаҳои номатлуб рӯй доданд, ба миён намегузорад?
Як масъала равшанӣ мехоҳад. Хабари бунёди биноҳои Самарқанд аз 10 метр баланд набошадро аксарият нодуруст фаҳмидаанд. Акмал Шукуров дар ин бобат бо мухбири NUZ.UZ қайд кард, ки баландии биноҳо ба релефи он минтақа ва дигар омилҳо, ки биноҳо бунёд меёбанд, вобаста аст.

Тошпӯлод РАҲМАТУЛЛОЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: