Чаро ҷавонон «пранк» ташкил карданд?

Чаро ҷавонон «пранк» ташкил карданд?

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тафсилоти воқеаи дар шаҳри Самарқанд рӯй дода — ҷавони ниқобпӯш дар трамвай ба рӯйи ҳамсолонаш моеи номаълумеро пошидааст, ки дар натиҷа мусофирони дигар тарсида аз трамвай фаромада гурехтаанд, шарҳу эзоҳ дода мешавад. Вай гӯё бо ин роҳ хостааст, ки «пранк» намоиш диҳад.
Агар ба воқеа бо назари оддӣ нигоҳ кунед, ин аз як тараф ба назар чун ҳазл менамояд. Вале дар урфият «таги ҳазл – зил» гуфтаанд.
Якум, дар видео дидан мумкин аст, ки чи хел одамони синну солашон гуногун, занҳо ва дигарон аз трамвай бо ҳарос мебароянд. Агар дар ноомади кор автомобиле бо суръати калон дар ҳаракат бошад, ё ки аз тарафи муқобил трамвай омада монад, дар он ҳол чӣ мешавад?!
Дуюм, мабодо дар трамвай зани ҳомиладор ва бачаҳои хурдсол бошанд, ин воқеа ба вай ё ки бачаҳои хурдсол чӣ хел таъсир мекунад? Аз тарс онҳо ба кадом ҳол меафтанд? Дар натиҷаи ҳазли оддӣ ё ки аз паси «пранк» ҳолатҳои гуногуни нохуш рӯй медиҳанд.
Мисолҳое овардан мумкин аст, ки селфии ғайриодатӣ гуфта, одамон ҷароҳат гирифтаанд ё ки ба умрашон зомин шудаанд.
Агар ба эътибор гирем, ки ҳамаи иштирокчиёни «пранк» хонандагони мактаб будаанд, саволе ба миён меояд, ки онҳо дар мактаб низ «пранк» ташкил мекарданд?
Дар мамлакатамон институти маҳалла мавҷуд аст, ки бо ифтихор дар мамлакати дигари дунё монандаш нест, мегӯем. Фахр дорем, ки таҷрибаи маҳалларо хориҷиён меомӯзанд. Хонандагони мактабе, ки ин воқеаро содир кардаанд, оё дар маҳалла истиқомат намекунанд? Маҳалла, мактаб, падару модар ба онҳо тарбияи заруриро дода истодаанд ё не? Консепсияи «оила-мактаб-маҳалла» дар амал ҳаст ё он танҳо дар коғаз мавҷуд?!
Мо бо ин андешаҳо касеро гунаҳкор карданӣ нестем. Танҳо волидайни мӯҳтарам, мутасаддиёни муассисаҳои таълимӣ, ходимон ва фаъолони маҳаллаҳо, ҷавонон, умуман ҷамоатчигии васеъро ба ҳушёрӣ ва огоҳӣ даъват карданием. Бори дигар ёдрас мекунем, ки ба тарбияи ҷавонон эътибори алоҳида бояд дод. Чунки он вазифаи таъхирнопазир аст.

Ӯткур УСМОНОВ,
роҳбари шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурият
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: