Саёҳат ба “Африқо”

Саёҳат ба “Африқо”

Ба қарибӣ бо ҳамкории шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Садорати матбуот ва ахбори вилоят ва ҳокимияти ноҳияи Пастдарғам барои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ дар ноҳияи Пастдарғам пресс-­тур ташкил карда шуд.
Журналистон нахуст бо фаъолияти корхонаи саноатии «Мароқанд кабел Инвест» шинос шуданд. Корхона дар маҳаллаи «Кимёгарон»-и ноҳия ҷойгир шуда, ҳоло дар он 75 нафар кор мекунанд.
Корхона асосан сими барқгузар, лампаи электрикӣ, қисмҳои он, дастгоҳҳои хомӯшкунак истеҳсол мекунад.
Ашёи хоми сими барқ, алюмин асосан аз Ҷумҳурияти Қазоқистон ва Россия оварда мешавад.
Аксарияти дастгоҳҳои корӣ аз Чин оварда шудаанд.
Сипас, ба корхонаи «Машъал Страус», ки шутурмурғпарвариро ба роҳ мондааст, ташриф оварданд. Дар коргоҳ қариб 100 адад шутурмурғ парвариш карда мешавад.
– Деҳқониву чорводорӣ барои мо касбӣ падарӣ аст, – гуфт роҳбари корхона Бекзод Элмуродов. – Мо дар дигар соҳа фаъолият барем ҳам, албатта бо деҳқонӣ машғул мешавем. Барои шутурмурғ заминҳои ҳамвор мусоид аст. Инҳо дар кӯҳ нағз парвариш намеёбанд. Барои дидани шутурмурғ ба қитъаи Африқо рафтан шарт нест, мо дар ҳамин ҷо «Африқо» ташкил намудем.
Дар доираи пресс-­тур ҳокими ноҳия Ш. Худойбердиев бо журналистон вохӯрда, оиди ислоҳотҳое, ки дар ноҳия амалӣ мегарданд маълумот дод.
– Ҳангоми дар бонк фаъолият доштанам ҳаракат мекардам, ки ба инсонҳо ёрӣ диҳам. Гарчанд корамон мушкил аст, аз он хурсандем, ки барои осон намудани мушкили мардум, беҳтар намудани тарзи зисти онҳо ҳисса гузорем, – гуфт Ш. Худойбердиев.
Дар ноҳияи Пастдарғам бачаҳои синну соли мактабӣ 30084 нафарро ташкил мекунанд. 61 муассисаи таълими томактабии давлатӣ (МТТ) 3 МТТ-и нодавлатӣ, 40 МТТ-и оилавии нодавлатӣ мавҷуд аст.
То охири соли ҷорӣ дар асоси барномаи «Қишлоқи обод» 2 МТТ, дар асоси барномаи инвеститсия 3 МТТ ба кор шурӯъ мекунанд. Бинои 5 МТТ аз нав таъмир мегардад.
То соли 2022 42 МТТ давлатӣ ва 40 МТТ оилавии нодавлатӣ барпо намуда, фарогирии бачаҳо ба 100 фоиз расонида мешавад.
Мактабҳои таълими умумӣ 125-то аст. Аз инҳо 8 мактаби деҳаҳои дурдаст соҳиби филиали худ мебошанд. Дар ноҳия Маркази бачагони «Авлоди баркамол», 3 мактаби мусиқӣ ва санъати бачагон, 2 мактаби варзишии бачагон ва наврасон фаъолият дорад.
Дар соҳаи таълими халқӣ 4771 нафар ходимони педагогӣ ба 63474 нафар авлоди ҷавон таълиму тарбия медиҳанд.
Ҳоло дар 5 мактаби таълими умумӣ 11 миллиарду 78 миллион сӯмина корҳои сохтмониву таъмирсозӣ бурда мешавад. Дар доираи барномаи «Қишлоқи обод» дар 1 муассисаи таълимии ноҳия (мактаби рақами103) корҳои мукаммали таъмирсозии 1 миллиарду 233-миллионсӯмина амалӣ гардида истодааст. Ғайр аз ин, дар 8 мактаби таълими умумӣ сохтмони толори варзишӣ дар арафаи анҷомёбӣ аст.
Иттиҳоди тиббии ноҳия ба 350 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Ба қарибӣ шӯъбаи терапеяи барои 100 нафар пешбинишуда, ба кор шурӯъ намуда, бо дастгоҳҳои тиббии замонавии 70 миллиону 148-ҳазорсӯмина таҷҳизонида шуд. Дар поликлиникаи марказии бисёрсоҳа ва 2 филиали он, инчунин, 16 шӯъба ба монанди терапея, таваллудгоҳ, бачаҳо, ёрии тиббии таъҷилӣ, травматалогия, ва ғайра 2730 нафар ходими тиббӣ дар хизмати мардуманд.
Бо хонаву ҷой таъмин намудани аҳолӣ аз масъалаҳои асосӣ аст. Биноҳои намунавии истиқоматӣ, ки дар ноҳия сохта мешаванд, дар навбати аввал ба шаҳрвандони мӯҳтоҷи ёрии моддӣ ва имконоти ҷисмониашон маҳдуд дода мешавад.
Соли гузашта дар 6 мавзеи ноҳия 205 хонаву ҷой сохта шуд. 4 объекти хонаву ҷой 2-3-қабата, аз хонадонҳои 2-3-хонагӣ иборат аст. Боқимонда 3 хонагии соҳиби 2 сотих замин аст. Ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2019 дар 5 мавзеъ 188 хонаву ҷойи намунавии арзон сохта мешавад.
Инчунин, барои бо гази табиӣ ва баллонҳои гази моеъ таъмин намудани аҳолӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Соли гузашта ба 58077 хонадон дар 10 мошини хизматӣ баллонҳои газӣ расонида шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ ба аҳолӣ боз 9170 баллонҳои газӣ расонида мешавад.
Дар ноҳия аз 332062 нафар аҳолӣ 259002 нафараш бо оби ошомидании марказонидашуда таъмин гардида, дараҷаи таъминот 78 фоизро ташкил мекунад.
Аз 117 иншооти обии мавҷуда реконструксия намудани 113 иншооти обии локалӣ, 1 иншооти обии калон, 3 иншооти обии гурӯҳӣ дар назар аст. Дар иншоот ҳамагӣ 140 насоси вертикалӣ ва горизонталӣ мавҷуд аст.
Дар доираи барномаи инвеститсионӣ дар 14 обект реконструксия намудани 22,4 километр шабакаи обӣ дар нақша аст. Қимати лоиҳа 4,7 миллиард сӯм буда, 3514 нафар аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин карда мешавад.
Роҳи Ҷумъа-­Хончорбоғ, ки қимати лоиҳавиаш 16,5-миллиардсӯмина аст аз нав таъмир ва ба истифода супорида шуд. Боз то охири сол аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои мумфарш намудани 188 километр роҳҳои дохилӣ корҳо оғоз шудааст.
Ба ноҳия то ҳол ба миқдори 1,75 миллион доллари ИМА ба таври мустақим инвеститсияҳои хориҷӣ дароварда шуданд.

Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: