Вижагиҳои тасвири бадеӣ дар шеър

Вижагиҳои тасвири бадеӣ дар шеър

Яке аз нахустин олимони маъруфи илми бадеи форс-­тоҷик, муаллифи рисолаи «Тарҷумон-­ул-­балоға» Муҳаммад бинни Умари Родуёнӣ (асри Х1) мебошад. Рисолаи ӯ бо забони дарӣ навишта шуда, маҳз илми бадеъро фарогир аст. Дар қарнҳои Х1-Х11 чанд рисолаҳои дигар низ дар илмҳои сегона таълиф шудаанд. Яке аз беҳтарин манбаъҳо доир ба илми балоғат рисолаи алломаи бузург Рашиди Ватвот (Саъдулмул Рашидуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад Абдуҷалили Балхӣ (1087-1178) «Ҳадоиқ-­ус- сеҳр ва фӣ дақоиқ-­уш-­шеър» ба шумор меравад. Абулҳасан Алии Баҳромии Сарахсӣ чанд таълифот дар илми арӯз ва қофия, аз ҷумла рисолаи «Ғоят-­ул-­арӯзайн» иншо намудааст. Яке аз рисолаҳое, ки маҳз се бахши илми назариро фарогир аст, ин рисолаи «Ал-­Мӯъҷам»-и олими бузурги форс-­тоҷик Шамсуддин Муҳаммад ибни Қайси Розӣ (тахминан солҳои 1185-1265 умр ба сар бурдааст) мебошад. Солҳои ахир яке аз нафистарин рисолаҳо перомуни илми бадеъ, қофия ва арӯз асари олими форс-­тоҷик «Анис-­ул-­ушшоқ»-и Шарафуддини Ромӣ мебошад. Ин рисола боз барои он хеле маъруф аст, ки маҳз ба номи султон Увайси Баҳодурхон (асри ХV) таълиф шудааст. Шахсан олими маъруфи тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ (рӯҳаш шод бод!) дар баргардониш ва мураттаб намудани ин рисола саҳм гузошта, танқидӣ омӯхтани онро низ ба хонандагон таъкид намудааст.
Яке аз санъатҳои маъруф ва маъмул, ки дар шеър бештар дида мешавад, ин санъати ташбеҳ мебошад. Итминон дорам, ағлаби омӯзгорон ва хонандагон санъати ташбеҳро медонанд. Ташбеҳ ҳангоми тасвир чизеро ба чизи дигаре монанд кардан аст. Масалан, дар шеърият рӯйи маъшуқаро ба моҳ, ба гул ва чашмони ӯро ба ситора монанд мекунанд. Дар он категорияҳои адоти ташбеҳ, яъне вожаҳои ёридиҳанда шабеҳи «чун», «ҳамчун», «монанди», «ба сони» ва ғайраро истифода мебаранд. Мисол:
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
РӮДАКӢ
Дар ин байти машҳури устод Рӯдакӣ, ки мисол овардем, дар натиҷагириву мушоҳидаҳои умдаи зиндагӣ, ҳафт воситаи бадеӣ кор фармуда шудааст, ки олимони гузаштаву муосир оиди бархеи он ибрози сухан низ намудаанд. Дар назари аввал дар ин байт ҳамаи ин санъатҳои бадеиро дидан низ амри маҳол менамояд, инчунин аз чашми ҳамагон ноаён мондани ин воситаҳои бадеӣ аз ҳунар ва истеъдоди нотакрор доштани сардафтари адабиёти классик, устод Рӯдакӣ дарак медиҳад. Дар абёти шоирони дигар ба чунин манзара дучор намеоед ва дар эшон истифода аз санъатҳои бадеӣ аз се-­чор намуд убур накардааст. Шоир дар ин абёт «хандидани лола»-ро ба чеҳраи Лайло ва «гиристани абр», яъне боридани боронро ба ашки чашмони Маҷнун монанд кардааст. Инак санъати дувум: калимаҳои «бихандад» ва «бигиряд», «бар саҳро» ва «бар гардун», «ба сони чеҳраи Лайло» ва «ба сони дидаи Маҷнун» чунон ҳамоҳанг танинандоз шудаанд, ки дар адабиёт чунин воситаи тасвирро санъати тарсеъ номидаанд.
Саввумин санъат ин санъати талмеҳ мебошад. Яъне, муроҷиати шоир ба афсонаҳои таърихиву мардумӣ ва шахсони машҳур: Лайлӣ ва Маҷнун. Чаҳорум, истифодаи санъати ташхис аст. Маълум, ки шоирон дар шеърияти хеш чизҳои беҷонро ҷондор ва сухангӯ нишон медиҳанд. Дар ин абёт ибораҳои «табассум кардани лола» ва «гиристани абр» санъати ташхис аст. Панҷум, ин санъати тазод мебошад, яъне маълум, ки «хандидан» ва «гиристан» бо ҳам муқобил мебошанд. Шашум, ин санъати муболиға аст, яъне ин ҳама «хандидани лола» ва «гиристани абр» дар асл муболиғаҳо ҳастанд. Ва ҳафтумин, ин санъати тавсиф мебошад, ки бархе аз олимон инчунин воситаи бадеиро дар ин абёи маъруфи устод Рӯдакӣ нодида гирифтаанд. Лекин, чуноне ки мебинем, шоир барои тасвир кардани ягон воқеа, касе ё чизе гоҳо сифатеро меорад, ки яке аз муҳимтарин хусусиятҳои он воқеа, кас байте ё чизеро барҷаста нишон медиҳад. Дар ин абёт устод Рӯдакӣ ҳодисаи муҳимтарини зиндагӣ, яъне хислатҳои асосии яке аз манзараҳои табиатро тавсиф кардааст: ҳастӣ ва завол, ҳаёт ва мамот.
Умуман, дар адабиёт донистани санъатҳои бадеӣ барои хонандагон хеле зарур ва муфид аст.
Санъати дигаре, ки дар шеърият бисёр корбурд мешавад, ин санъати истиора мебошад. Шоирони номӣ ва хеле машҳур дар шеърҳои худ асосан ҳамин санъатро бештар истифода бурдаанд. Умуман, истиора яке аз серистеъмолтарин ­на­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­въи санъати бадеист, ки дар рушду густариши минбаъдаи ташбеҳи пӯшида ба вуҷуд меояд. Истиора дар асл як навъи маҷоз низ мебошад. Оиди санъати истиора аз сӯйи олимони адабиётшинос андешаҳои мухталиф баён шудаанд. Дар ин мусоҳиба ҳатто гуфтаҳои бузургоне шабеҳи Арастуро низ оврдаанд. Дар Арасту «ташбеҳ ин ҳамон истиора аст» ва ин таъкиди ӯро ағлаби олимон ҷонибдорӣ намудаанд. Вале бояд гуфт, ки ба чунин ҳолат дар шинохти дигар васоити тасвири бадеӣ низ дучор омадаанд. Аз сӯйи дигар, маҳз истиора дар созмони тасвирҳои бадеӣ дахолати корсоз дорад, ки ин дар дарёфт ва муайян кардани тафовути муҳимтарини истеъдоди шоирӣ ба олими адабиётшинос кӯмак хоҳад кард. Яъне, бузургии шоирро дар истифодаи ибораҳои нав, ҳаётӣ, мӯъҷаз ва дар айни ҳол мантиқӣ муайян кардаанд:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
ҲОФИЗ
Дар ин ду байт шоир тасвирҳои зебоеро офаридааст ва ба замми он ин ҷо ҳарчанд маънии ниҳоние нуҳуфта бошад ҳам, маълум аст, ки вожаҳои «гул», «соғар», «фалак», «май», «лашкар», «соқӣ» ба маънои асосии худ наомада, ҳар яке дар нақши ғайрихуд дорои вазифаи махсусе корбурд шудаанд. Дар ин ҷо, албатта масъала мудохилаи дақиқеро низ ниёз дорад. Ҳангоме ки сухан аз масълаҳои ғоявии тасаввуф меравад, бархе истилоҳоти онро донистан низ лозим меояд. Вале мо, ин ҷо, азбаски мавзӯи дигарро мавриди пажӯҳиши худ қарор додаем, перомуни андешаҳои тасаввуф ҳарфе наафзудем. Чизи дигаре, ки мебояд таваққуфи баҳс қарор бидиҳем, ин мисраи якуми матлаи ғазали Хоҷа Ҳофиз мебошад. Маълум аст, ки дар зиндагии инсон, бавижа, ҳолатҳои хурсандӣ аз ҳолатҳои гирифтории ғаму андӯҳ ниҳоят маҳдуд аст, яъне кам аст. Бинобар ин, истеъмоли санъати истиора дар маҳфуми «гул» аз лиҳози таносуби мантиқӣ басе назаррас аст, чунки гул ҳаёти мадиде надорад. Инчунин, бартариҳои мазмун ва маъниҳои олиро ағлаб танҳо дар ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз дидан мумкин аст.
Акнун меоем ба таҳлил ва тавзеҳоти санъати маҷоз ва киноя. Ин ҳарду низ яке аз васоити баёни мухайял ба шумор мераванд ва аксар ба санъатҳои ташбеҳу истиора моилӣ низ доранд, вале дар ҳар сурат байни худ тафовути назаррас доранд. Истиора аксар дар ниҳод ибораҳое ҳастанд, ки дар таркиби забон ниҳоят мустаҳакам қарор гирифта, ағлаб ба ибораҳои фразеологӣ табдил ёфтаанд ва дар сохт ба дигаргунӣ ниёз надоранд. Ҳолати сохти ташбеҳ низ дигар аст, яъне дар асл вазифаи дуруст ба ягон сифате монандие доштанро дорад. Киноя ин як намуди ҳунармандонаи сухан аст, ки тавассути он манзури аслӣ ниҳон изҳор мегардад. Дуруст аст, ки киноя мобайни ҳақиқат ва маҷоз сару кор дорад ва аз сӯйи дигар ҳарду бо ҳам робитае низ доранд. Киноя маънои зид ва мухолифро қасд карда сухан гуфтан ва ба иборати дигар, акси сухани гӯянда аст. Оиди хубӣ баҳс намуда бадиро ифода кардан ва аз бадӣ баҳс намуда хубиро дар назар доштан, ин киноя аст. Санъати кинояро бештар дар гӯйишҳои мардумӣ дидан мумкин аст. Як мисол аз устод Мирзо Турсунзода:
Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.
Ин ҷо «меҳмон» киноя аст ва шоир дар асл истилогарони ингилисро дар назар дорад.
Яке аз васоити тасвир, ки дар назм бештар истифода мешавад, санъати таҷнис мебошад. Дар забони мо калимаҳое ҳастанд, ки аз лиҳози шакл монанд, вале аз лиҳози маънӣ дорои ду-­се ва зиёда маънои мустақил мебошанд. Дар шеърияти шоирони муосир истифодаи санъати таҷнис маҳдуд аст, аммо дар ашъори шоирони классик истифодаи ин санъат аз маҳорат ва устодии шоир дарак медиҳад. Дар шеърҳои шоирони классик санъати таҷнис аксар дар қофия меояд:
Хаме, ки абрӯи шӯхи ту дар камон андохт,
Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт.
Набуд нақши ду олам, ки ранги улфат буд,
Замона тарҳи муҳаббат на ин замон андохт.
…Зи шарми он, ки ба рӯйи ту нисбаташ кардам,
Суман ба дасти сабо хок дар даҳан андохт.
ҲОФИЗ
Дар мисраи якум вожаи «андохт» тир андохтанро дорад, дар мисраи дуввум «ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт» яъне вожаи «андохт» вазифаи дар пайи қасди ҷон афтоданро дорад. Дар мисраи чаҳорум калимаи «андохт» ба маънои дигар, яъне «тарҳ андохт» омадааст. Дар мисраи охири овардаи мо вожаи «андохт» маънии чизеро ба даҳон андохтанро дорад. Умуман, калимаи «андохтан» дар ғазали Ҳофиз ба чор маънии мухталиф кор фармуда шудааст.
Таҷнис аксар барои таъмини ҳусни зебоии шеър мавриди истифода қарор мегирад ва шоир дар баёни матолиби дақиқ калимаҳои ҳамҷинсро барои афзудани шакли зоҳириву ботинӣ истифода мебарад. Дар рисолаҳои оиди санъатҳои бадеӣ роҷеъ ба муносибат, истеъмол ва вазифаҳои мухталифи санъатҳои бадеӣ баёноти муфассал дода шудаанд. Дар пажӯҳиши амиқи воситаҳои бадеии боқӣ, бавижа, ташхис, талмеҳ, муболиға, тазод, ирсолу масал, таҷоҳули ориф ва ғайраҳо камар бастан зарур. Чунки бидуни онҳо дар дарёфти маъниҳои шеър ба муваффақият ноил гаштан амри маҳол аст.

Шуҳрат БОБОҶОНОВ,
шаҳри Ангрен
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: