Магнитофон

Магнитофон

Ҳикояи воқеӣ

Содиқ ғарқи мутолиа буд, ки тақ-­тақи дарвоза шуд. Ноилоҷ китобашро ба сӯе гузошту назди дарвоза баромад. Дар кӯча ду нафар, шояд оча-­бача буданд, баъди салому алейк ба мақсад гузаштанд:
– Ба мо кӯҳна – кола, яъне яхдон, аккумулятор, радио, телевизор, ки хизматашро карда, ҷой банд мекунанд, лозим.
Соҳибхона чанд лаҳза ба хаёл фурӯ рафт ва чизе ба ёдаш омаду тасдиқомез сар ҷунбонд ва сӯйи таҳхона рафт. Воқеан, як гӯшаи он ба анборхона табдил ёфта буд, ки бисёр асбоб-­ускунаҳои аз доқиёнус боқимонда, зери чангу хок мехобиданд. Ҷомашӯяк, утӣ, чойҷӯшон – тефал, радио ва ғайра буданд, ки ӯ ба талбандаҳо бахшиданӣ шуд. Охир хас каму ҷаҳон пок. Ногоҳ аз наздаш дастгоҳи овозсабткунак – магнитофон баромад, ки ӯ бо мурури замон занг зада, симҳояш парешон шуда буданд. Бо дидани он дар лабони Содиқ табассуми сарде дамид. Ғаму ғуссаи номаълум ба дили ӯ фурӯ рехт. Чизталабҳоро даъват намуд ва ҳамаи кӯҳна-­коларо бахшид. Онҳо бозёфти худро зуд ба халта андохта, бо арзи сипос рафтанд.
Содиқ ба дафтари корӣ омада, китобашро ба даст гирифт. Аммо фикраш ба магнитофони кӯҳна банд шуда, хаёлот ба дунёи бачагӣ бурд…
Содиқ дар синфи ҳафтум ё ҳаштум мехонд. Омӯзгори фанни забони хориҷӣ гуфт, ки барои забономӯзӣ магнитофон муфид аст. Рости гап, падари омӯзгор ӯ, модари хонашинаш имконият надоштанд, ки ба ӯ асбоби овозсабткунак харида диҳанд.
Модар аз тангдастӣ маҳсулоти замини назди ҳавлиро дар бозор мефурӯхт ва як-­ду сӯми иловагӣ меёфт. Содиқ рӯзҳои якшанбе ба очааш дастёрӣ мекард. Ва як рӯз ӯ ба модар маслиҳати муаллими забони хориҷиро гуфт.
– Нияти нағз, – орзуи магнитофон гирифтани писарашро фаҳмида, табассуми малеҳ дар чеҳраи Меҳрихола ҳувайдо гашт. – Маблағе, ки аз бозор меёбем, аз рӯзгор зиёдатӣ намекунад. Аммо роҳаш ҳаст. Ана вай занакро медонӣ, сабзиву картошка мефурӯшад? Вай дугонаам мебошад. Боре гуфта буд, ки шогирд лозим. Дастёр шавӣ, музди кор медиҳад. Ана ба ту роҳи пулёбӣ!
Таътили тобистона оғоз гардид. Содиқ дудила шуд. Воқеан, бо ҳамсинфаш Шариф хишт рехта, ҳар ду магнитофон гирифтанӣ буданд. Бегоҳии ҳамон рӯз Меҳрихола нақшаи худро ба шавҳараш гуфт. Аъзамака китф дарҳам кашид ва сӯйи писараш суоломез нигарист:
– Меҳнати ҳалол кардан айб нест, – гуфт сарвари оила. – Лекин ба ҳаққи мардум хиёнат кардан гуноҳи азим. Шахсан ман муқобил нестам.
Рӯзи дигар очаю бача назди Ситорахола омаданд. Вай ба гапи Меҳрихола гӯш доду сӯйи писараш бо диққат нигарист. Содиқ болоқад, бозувонаш дамида ва чаққон буд. Ситорахола саҳарӣ бозор омада, аз деҳқонон маҳсулотҳои кишоварзиро бо сад баҳона ва айб нархашро арзон карда мегирифт. Сипас, ба болояш чанд сӯм гузошта мефурӯхт. Дар тобистон бозораш чаққон шуда буд, ки омадани Содиқ айни муддао гашт.
Акнун ӯ дар як гӯша нишаста, ба Содиқ мефаҳмонд, ки чӣ кор кунад. Дастёри чолоку чаққон мисли покуи усто ба чор тараф тохта, гоҳ халтаҳои пур аз пиёзу картошка, сабзиву шалғам ва дигар маҳсулотро кашолаву пушторакунон назди пештахта меовард, онҳоро ситоишомез болои тарозу гузошта, ба харидорон медод. Мисли тӯтӣ бо овози баланд одамонро даъват мекард, ки аз маҳсулотҳои кишоварзии арзону босифат харид кунанд.
Аз авҷ гирифтани савдои онҳо фурӯшандаҳои атроф лаб фурӯ баста, бо тааҷҷуб сӯяш менигаристанд. Ситорахола даста-­даста пул меёфту курта-­курта гӯшт мегирифт.
Аммо «нафси бад балои ҷон» гуфтаанд. Ситорахола бо вуҷуди афзудани даромад, одати обро лой карда, моҳӣ доштанро тарк накард. Вай устокорона чанд санги тарозуро сӯрох намуда, даруни онро бо лою хамир пур кард.
Ба ин васила харидоронро фиреб медод. Паллаи тарозу ҳам ба фоидаи вай кор мекард. Содиқ дар набудани Ситорахола, аз нимкосаи таги коса бехабар, паллаи тарозуро дуруст карда, бо кори савдо машғул мешуд. Охир ҳамеша модараш мегуфт, ки «тарозу розӣ – Худо розӣ».
Як бегоҳӣ кори савдо ба охир расиду Ситорахола ба ҳисобу китоби маблағ пардохт. Ҳар қадар ҷамъу тарҳ намояд, афташ бештар турш мешуд, ки гӯё ҳозиракак лимӯро газидааст. Чашмони бозингараш гоҳ сӯйи дастёру гоҳ сӯйи тарозу дӯхта мешуд. Баъди бори саввум пулҳоро шумурдан, шубҳаомез ба атрофиён зеҳн монд, ки нохалафон ӯро назорат мекунанд ё не. Ҳамин, ки гирду пешро бехавотир дарёфт, бо қавоқи овезон норозиёна ғурунгос зад:
– Ҳой бача, ба ҳисоби ман пул кам…
Содиқ китф дарҳам кашид. Ситорахола лаҳзае хомӯш истоду якбора ба санҷидани тарозу пардохт.
– Ё тавба, – оҳи бадард кашид ӯ, – кӣ тарозуро дуруст кард?
– Хола, ман, – иқрор шуд Содиқ. – Модарам мегӯянд, ки «тарозу розӣ…»
– Ту, тирмизак, ба кори ман дахолат накун, – овози ҷарангосии зан танинандоз гашт. – Ҳар кас­ро гӯру аъмолаш дигар. Магар маро хонасалот кардани ҳастӣ? Ана, қариб як ҳафта боз нон медиҳам, ош медиҳам, боз мардикорпулӣ мегирӣ. Ҳа, нони хоида ба дилат зад?
Баҳсу мунозираи онҳо авҷ мегирифт, ки ногоҳ ду нафар нозирони бозор пайдо шуда, тарозуро санҷиданд ва сангҳояшро гирифта рафтанд. Ситорахола бо таваллою зорӣ аз дунболи онҳо рафт.
Муддате нагузашта чанд нафар аз маъмурияти бозор омаданд.
– Шумо, муллоака фаҳмед, – Ситорахола чун абрешим нарму ширинсухан гашта буд. – Ман аз санги тарозу бехабар. Ҳоло худам адабашро медиҳам, – гуфт ва сӯйи Содиқ маккорона чашмак зад.
Содиқ бо ҳайрат ба онҳо нигарист. Яке аз нозирон тарозуро бори дигар санҷид ва ба ӯ рӯ овард:
– Ту аз мо, назоратчиён не, аз Худо тарс, – бо афсӯс сар ҷунбонд. – Санги тарозуро сӯрох карда, хамир андохтӣ. Ин корат нағз не, писар. Ҳаққи мардум зада мебарояд.
– Акамулло, тасаддуқатон шавам, – Ситорахола худро ба нодонӣ зада, сангҳоро аз дасти ӯ гирифт ва ба тарафгирӣ гузашт.
– Ӯро ба ҳоли худ гузоред. Ман худам адабашро медиҳам. Ин дастёри нодон тезтар магнитофон харам гуфта, бачагӣ кардааст-­дия, – вай сари Содиқро навозишомез сила намуд.
Содиқ аз тӯҳмату маломати ногаҳонӣ зери хиҷолат монда, ба ҳайкал табдил ёфт. Маъмурияти бозор чӣ кор кардан ва чӣ гуфтанро надониста ба якдигар менигаристанд.
– Хола, ин гапатон тӯҳмат, – якбора чун вулқон таркид Содиқ. – Ман санги тарозуро сӯрох накардаам. Аз ин кор умуман хабарам нест. Пулатон саратона хӯрад, – гуфт бо оҳанги қатъӣ ва шитобон сӯйи дарвозаи бозор рафт. Рост ба хона омаду тамоми ҳодисаро ба модараш нақл кард.
– Ҷони оча, ту хафа нашав, – тасаллои дил дод Меҳрихола. – Ҳар кӣ аз рӯйи амалаш мукофот мегирад. Чӯби Худо сазо надорад, баъди задан даво надорад.
Содиқ дар таътили тобистон хиштрезӣ кард. Ба ивази арақи ҷабин ба муроди дил расид – магнитофон гирифт. Бо ёрии он забони хориҷиро омӯхт. Баъди ба даст гирифтани номаи камол донишҷӯйи мактаби олӣ гарид. Барои идомаи таҳсил ба Англия рафт. Забондони ҷаҳонгард шуд. Рисолаи номзади фанҳоро дар Амрико дифо намуд. Сипас, ҳамчун устоди донишгоҳ ба насли наврас аз англисӣ сабақ омӯхту ба комёбиҳо ноил гардид…

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: