Хазинаи маърифат

Хазинаи маърифат

Дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд китобхонаи замонавӣ ба истифода супурда шуд. Бо ҳамин муносибат ҷамъомади бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода ба он ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов дод.
– Бо ташаббуси Президенти кишварамон ба тарғиби мутолиаи китоб диққати махсус дода мешавад, – иброз дошт Шӯҳрат Ӯроқович. – Далели фик­ри мо дар маркази ноҳия бунёд гардидани китобхонаи нави замонавист. Бояд гуфт, ки ин иншооти зебо, замонавӣ, хушҳаво дар муддати кӯтоҳ бо роҳи ҳашар қад афрохт. Мо онро «Китобхонаи ҷавонон» номгузорӣ кардем, ки бештар насли наврас аз хазинаи илму маърифат баҳраманд гарданд.
Инчунин, дар тадбир мудири қабулхонаи халқии ноҳия Илҳом Муродов, раиси шӯъбаи ноҳиявии Хазинаи «Нуронӣ» Очил Алиев ва дигарон ба сухан баромаданд.
– Роҳбарон ва шахсони маърифатпарвар қариб ду ҳазор нусха китобҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русиро тақдим намуданд, – гуфт мудираи шӯъбаи маданияти ноҳия Хурсандой Ғозиева. – Умед аст, ки хазинаи китобхона боз бой мешавад.

Рухшона ҲАСАНЗОДА,
хонандаи мактаби таълими
умумии рақами 10-и ноҳияи Самарқанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: