Истгоҳ бартарӣ дорад ё ки дӯкон?

Истгоҳ бартарӣ дорад ё ки дӯкон?

Солҳои охир дар шаҳри Самарқанд барои мусофирҳои автобусу трамвайҳо бисёр истгоҳ сохтанд. Дар шаҳр бунёди истгоҳҳо кори нав нест. Дар солҳои аввали истиқлол низ бо ёрии тадбиркорон истгоҳҳо сохта буданд. Аксарияти тадбиркорон мехостанд, ки дар ҷойи серодами роҳ истгоҳ созанд. Ҳамон солҳо истгоҳҳои нав муддати муайян барои мусофирон хизмат расониданд. Ман ҳатто дар хотир дорам, ки ҳангоми ташрифи Президенти Беларус журналистоне, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, ба истгоҳҳои нави шаҳри мо бо ҳавас нигариста, дар ҷумҳурияти худ паҳн намудани ин таҷрибаро ният карда буданд.
Мутаассифона, баъди фаъолияти на он қадар тӯлонӣ бо сабабҳои гуногуни ба сокинони шаҳр ноаён як қисми истгоҳ-­дӯконҳои мазкур фаъолияти худро боздоштанд. Баъди чанд муддат шумораи башумори онҳо боқӣ монданду бас.
Инак, чуноне ки мегӯянд, «чизи нав дар асл чизи фаромӯшшудаи кӯҳна мебошад». Солҳои охир дар шаҳрамон сохтмони истгоҳ-­дӯконҳои замонавӣ аз нав оғоз ёфтанд.

Саволи табиие ба миён меояд. Оё ҳокимияти шаҳр, идораҳои мутасаддии сохтмону меъморӣ ва лоиҳакашӣ саҳву хатоҳои сохтмони истгоҳ – дӯконҳои пешинаро ба ҳисоб гирифтанд?
Истгоҳҳои навбунёдро дида гуфтан мумкин аст, ки не, ба ҳисоб нагирифтаанд. Агар ба ҳисоб мегирифтанд, ақаллан ҷойи истгоҳҳоро ба воситам савдои «кӣ зиёд?» медоданд. Чунки талабгори бунёди истгоҳҳое, ки дар ҷойҳои серодам воқеанд, бисёранд. Дар сохтмони истгоҳҳо табиату обу ҳавои шаҳр ба ҳисоб гирифта нашудааст.
Ҳоло аксарияти истгоҳҳо таъмирталаб ва аз онҳо истифода бурда намешаванд. Ҳамон истгоҳҳое, ки тадбиркорон аз нав сохта, ба нуқтаи савдо ё ки хизматрасонӣ табдил додаанд, гӯё барои мусофирон пешбинӣ шудаанд.
Мувофиқи андозаҳои давлатӣ қисми асосии истгоҳ бояд барои мусофирон пешбинӣ шуда, танҳо 25-30 фоизи он барои дӯкону нуқтаи хизматрасонӣ боқӣ мемонад. Вале дар асл ин хел нест. Онҳо аксар пурра барои тиҷорат ё ки хизматрасонии тадбиркор омода карда шудаанд. Саволи табиие ба миён меояд. Мақсад аз сохтани истгоҳҳо фароҳам овардани шароити хуб барои мусофирон ё ки дастгирии тадбиркорон аст?
Хулоса, бе ҳеҷ шубҳа гуфтан мумкин, ки мутасаддиён ин дафъа низ ба бунёди истгоҳҳо саҳлнигорона муносибат намудаанд. Онҳо таҷрибаи дохилӣ ва хориҷиро дар ин самт наомӯхтаанд. Маълум нест, ки идораҳои дахлдори давлатӣ дар кадом асос бо тадбиркорон оиди сохтмони истгоҳ шартнома бастаанд ё ки умуман набастаанд.
Дар истгоҳҳо барои мусофирон чӣ хел намудҳои хизматрасонӣ муҳайё карда мешавад? Барои онҳо ахбори зарурӣ пешниҳод мегардад ё не?
Истгоҳҳо дар зимистон гарму дар тобистон салқин мешаванд? Ё ки барфу борон аз як тарафи истгоҳ то ба тарафи дигари он меборад? Чунин саволҳо кам нестанд. Ба онҳо кадом идораҳои мутасаддӣ посух дода метавонанд? Мусофирон посухи онҳоро мунтазиранд.

Тошқул АЗИМОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: