Факултетҳои нав ташкил мегарданд

Факултетҳои нав ташкил мегарданд

Бо мақсади беҳсозии сифати омодасозии кадрҳои ботаҷриба дар соҳаи фанҳои фундаменталӣ ва гуманитарӣ, ривоҷдиҳии босуръати илму фанни таълими олӣ, истифодаи босамари салоҳияти илмӣ доир ба самтҳои технологии истиқболнок, бефосила такмил додани маҳорати педагогӣ ва дараҷаи касбии кадрҳо, пурзӯрсозии тарбияи маънавию ахлоқии донишҷӯ-­ҷавонон, инчунин, амалисозии чорабиниҳои сохторӣ доир ба таъмини рушди маҷмӯии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораву тадбирҳои куллан такмил додани сохтори тайёр кардани кадрҳои ботаҷрибаи соҳибихтисос дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек ва рушди салоҳияти илмӣ дар солҳои 2019-2023» қабул гардид.
Мувофиқи қарор:

  1. Таҳияи чорабиниҳои амиқи маҷмӯӣ доир ба рушди ҳаматарафаи капитали инсон, муҳайё кардани шарту шароитҳо барои боз­омӯзии мутахассисон дар сатҳи стандартҳои байналхалқӣ, ки барои таъмини нерӯи интеллектуалӣ, илмӣ ва иқтисодӣ, инчунин, таъмини равнақ ва истиқлолияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қодиранд, мақсади асосии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон муқаррар карда шуд.
  2. Дар Донишгоҳ:
     аз соли хониши 2019-2020 доир ба самтҳои математикаи муҳандисӣ, фанҳои компутерӣ ва менежменти технологӣ факултети Ўзбекистон – Исроил;
     аз соли хониши 2020-2021 ва солҳои минбаъда – факултетҳои «Математикаи амалӣ ва технологияҳои интеллектуалӣ», «Тадқи­қотҳои биофизикӣ ва муҳандисӣ», «Тиббиёт ва биокимёи фундаменталӣ» ташкил карда мешаванд.
  3. Литсейи академии ба номи С. Сироҷиддинов ҳамчун литсейи академии ба фанҳои аниқ ва табиӣ ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ ба номи С. Сироҷиддинов аз нав ташкил мегардад.
  4. Барномаи рушди комплексии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек дар солҳои 2019-2023 таҳия мешавад.
  5. Аз соли хониши 2020-2021 дар ду факултет ва аз соли хониши 2021-2022 дар миқёси донишгоҳ сохтори кредит-­модули ташкили таълим ҷорӣ мегардад.
  6. Дар солҳои 2020-2023 хобгоҳҳои донишҷӯён таъмири капиталӣ ва ҷиҳозонида мешавад. Инчунин, барои профессор-­устодон ва тадқиқотчиёни ҷавони донишгоҳ 6-то бинои бисёрҳуҷра ва маҷмӯаи универсалии варзишӣ сохта мешавад.
Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: