Доир ба муносибатҳои оиладорӣ шаҳрвандон чӣ фикр доранд?

Доир ба муносибатҳои оиладорӣ шаҳрвандон чӣ фикр доранд?

Маркази омӯзишии «Ижтимоий фикр» бо мақсади муайян намудани мақоми оила дар ҷамъият, муносибати тарафайни аъзои оила, арзишҳои он тадқиқот гузаронд.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқот маълум шуд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон оиларо асоси ҷамъият ва давлат медонанд. 66,3 фоизи шаҳрвандон мақсади асосии оиларо дар мамлакат фароҳам овардани таҳкурсии мустаҳкам барои ягонагии ҷамъият ва давлат, таъмини осудагию фаровонӣ мепиндоранд.
Доир ба синни оиладоршавӣ 49,8 фоиз ба он ақидаанд, ки дар 24-25-солагӣ оиладор шудани мардон мувофиқи мақсад аст. Ҳар як иштирокдори сеюм дар синни 26-27 оиладоршавии ҷавононро таъкид мекунад. Дар синни 21-23 оиладоршавии духтаронро 58,8 фоизи пурсидашудагон маъқул медонанд. Фикри қатъии ҳамватанонамон чунин аст, ки ҷавонон пеш аз оиладоршавӣ бояд соҳиби таҷрибаи ҳаётӣ бошанд, дониш ва касбу кор омӯзанд.
Ба никоҳ ва падарию модарӣ омодасозии ҷавононро 79,9 фоизи шаҳрвандон таъкид мекунанд. Бинобар фикри онҳо, ба ҳаёти оилавӣ омода кардани писарону духтарон на фақат дар оила, балки дар муассисаҳои таълимӣ низ бояд амалӣ шавад.
Аксарияти пурсидашудагон (91,1 фоиз) пеш аз оиладоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштанро зарур медонанд. Зеро саломатии онҳо кафолати саломатии оилаи оянда аст. Аксари шаҳрвандон (98,4 фоиз) барои оиладоршавӣ аз рӯйихати шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) гузаштанро ҳатмӣ медонанд. Пурсиш нишон дод, ки 95,5 фоизи шаҳрвандон никоҳи шаръиро маҷбурӣ медонанд ва хондани хутбаи никоҳро дастгирӣ мекунанд. Онҳо бовар доранд, ки дар чунин ҳол оила боз ҳам мустаҳкам, хушбахт ва фаровон мешавад. Шаҳрвандон ақида доранд, ки ба ҳаёти оилавӣ тайёр набудани ҷавонон, норасоии таҷрибаи ҳаётӣ ва масъулияти онҳо, муросоро надонистан ё нахостан, ҷонибдори низоъҳо шудан, душвориҳои муваққатии моддӣ, ба ҳамдигар рӯҳан мутобиқ набудани зану шавҳар аз омилҳои барбодшавии оила ба шумор мераванд.
Пурсидашудагон ба самаранокии корҳое, ки дар доираи Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 амалӣ шудаанд, боварии қатъӣ доранд ва барои минбаъд мустаҳкамсозӣ ва рушди оила дар иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбари давлат гузошта шудааст, омодаанд.

Таҳияи
Ф.МУҲАММАДҶОН.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: