Нақшаро барзиёд иҷро намуданд

Нақшаро барзиёд иҷро намуданд

Деҳқонони каттақӯрғонӣ нақшаи шартномавии ғалласупориро барзиёд иҷро намуданд. Ғаллакорони 258 хоҷагии фермерӣ, ки 8926 гектар замин доранд, ба ҷойи 25 ҳазору 139 тонна ба хирмани давлат 27 ҳазор тонна ғалла супориданд.
– Ғаллаи 4100 гектар майдонро ғундошта, нақшаи шартномавиро барзиёд иҷро намудем, – гуфт сарвари шӯъбаи хоҷагии деҳот Азим Ризвонов. – Ҳоло ҳосилнокӣ аз ҳар гектар майдон 66,1 – сентнерро ташкил мекунад. Боз дар 48 фоизи ғаллазор гандуми нодаравида ҳаст. Бо ташаббуси Президентамон зиёд карда шудани нархи хариди ғалла, бахусус 1,5 – миллонсӯмӣ музди меҳнат додан барои ҳар тоннаи ғаллаи фермероне, ки аз 60 сентнер зиёд ҳосил рӯёндаанд, инчунин дода шудани имтиёзҳо барои андози ягонаи замин самаранокии корро зиёд намуд.
Имсол барои ғаллакорон соли мусоид шуд. Сари вақт гузарондани тадбирҳои агротехникӣ гарави ҳосили барзиёд гардид. Ба туфайли меҳнати босамар дар ҳар як хоҷагӣ зиёда аз шартнома 80-100 – сентнерӣ ғалла боқӣ монда истодааст.
Ғаллағундорӣ муташаккилона гузаронида мешавад. Дар хоҷагиҳои фермерии «Қародарё соҳили чароғон», «Мангарон умумдор замин» ва «Усмон бобо» нақша то 140-150 фоиз иҷро гардидааст. Хоҷагии фермерии «Ёқуб бобо» нақшаро қариб 200 фоиз иҷро кард. Абдуҳомид Эргашев, Юнус Файзиев, Дониёр Рашидов барин комбайнчиён ҳар рӯз ғаллаи то 25 гектар майдонро даравида ба дигарон намуна мешаванд.
Дар хоҷагиҳои мавзеъҳои Грант трас, Каттаминг, Зарафшон, М. Улуғбек, А. Навоӣ ҷамъоварии ҳосил дар муддати кӯтоҳ гузаронида шуд. Барои соли оянда 3300 тонна ғаллаи тухмӣ ҷамъоварӣ мешавад.


Мухбири худамон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: