Аз шаҳри Зарафшон – бо кайфияти болида

Аз шаҳри Зарафшон – бо кайфияти болида

Ҳамроҳи ҳамсарам ҳар сол як бор ба вилоятҳои ҷумҳуриятамон ва мамлакатҳои ҳамсоя меравем. Имсол навбати шаҳри Зарафшони вилояти Навоӣ будааст. Даҳ сол боз ба ин гӯшаи диёрамон наомада будам. Дар ин давр шаҳр боз ҳам васеътар, ободтар ва зеботар шудааст.
Шаҳри Зарафшон на танҳо бо маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, балки бо муваффақиятҳои варзишгарон ва санъаткорони худ низ шӯҳратёр шудааст. Муваффақияти дастаи футболи «Қизилқум» низ назаррас аст.
Соли гузашта дар шафати варзишгоҳ ҳавзи пӯшидаи калоне сохтанд. Ҳоло садҳо ҷавонон бо шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ машғул мешаванд. Варзишгарони зарафшонӣ аз имкониятҳо истифода бурда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриятӣ ва байналхалқӣ бо муваффақият иштирок мекунанд.
Дар шаҳри Зарафшон театри «Аловаддин» фаъолият дорад. Ба он Нигина Крикунова сарварӣ менамояд. Вай дар ин ҷо 40 сол боз фаъолият пеш мебарад. Дар театр бар асоси афсона ва ҳикояҳои адибони ӯзбек, рус, тоҷик ва дигар халқҳо асарҳои хурди саҳнавӣ намоиш дода мешаванд.
Баландии чархфалаки боғи истироҳатии шаҳр баробари баландии биноҳои 4-5 ошёна аст. Аз боло шаҳр чун дар кафти даст намоён мешавад.
Дар истироҳатгоҳ фаввораҳо бисёранд. Бегоҳирӯз дар атрофи он одамони бисёр сайр мекунанд, чунки он ҷо салқинтар аст.
Музейи таърихи шаҳри Зарафшон дар шафати филиали Донишкадаи металлургияи кӯҳи Навоӣ воқеъ аст.
Дар рӯ ба рӯйи музей пайкараи олимони энсиклопедист Берунӣ ва Ломоносовро ба сифати рамзи дӯстӣ гузоштаанд. Ҳоло дар ин ҷо корҳои таъмирӣ давом дорад.
– Музейи моро ба муносибати 20-солагии азхудкунии Қизилқум ташкил карда, бинои ҳозираи онро ба муносибати 40-солагии ташкили комбинат сохтаанд. Дар музей шӯъбаҳои азхудкунии саҳро, табиатро дӯст медорем, бинокорони аввалин, ба Зарафшон об омад, Зарафшон ҳазор сол пеш ва фотонамоишҳое, ки бо кофтукову истеҳсоли тилло вобастаанд, ҷой гирифта, акси даррандаву ҳашарот низ гузошта шудаанд. Воситаҳои меҳнати даври ибтидоӣ, расмҳои дар кӯҳҳо буда ва намоишҳои экспонатҳои бо Роҳи бузурги абрешим вобаста низ аз толори музей ҷой гирифтаанд, – гуфт роҳбари он Наргиза Очилбоева. – Дар ин ҷо макети ҳавзҳои обсофкунандае ҳаст, ки оби Амударёро соф карда, ин оби ошомиданиро ба шаҳр медиҳад. Он дар музейҳои ҷумҳуриятамон ягона аст. Инчунин, аз толор макетҳои корхонаи муштараки ӯзбекистониву британиягии «Амантай – Голдфиз» ва кони Мурунтав ҷой гирифтаанд. Дар толорҳои музей дар бораи ҳаёти халқҳое, ки дар Зарафшон зиндагӣ мекунанд, экспонатҳо мавҷуд аст. Дар китоби меҳмонони ифтихории музей дастхатҳои вакилони Хитой, Ҳиндистон, Франсия, Германия, Англия, Ирландия, ИМА, Канада ва дигар мамлакатҳо ҳастанд. Мо баъди саёҳати серӯза аз шаҳри Зарафшон бо кайфияти болида баргаштем.

Тоҳир НОРҚУЛОВ .

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: