Тараннуми Ватан ва ватандӯстӣ дар шеърҳои шоирон (дар мисоли ҳавзаи адабии Самарқанд)

Тараннуми Ватан ва ватандӯстӣ дар шеърҳои шоирон (дар мисоли ҳавзаи адабии Самарқанд)

Мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷику форс таърихи кӯҳан дорад. Самарқанд дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз марказҳои фарҳангиву ҳунарӣ, илмиву адабӣ қарор дорад. Дар ҳар давр маҳбубияту нафосати ин шаҳр дар шеъру суруду тасвири соҳибқаламон бо маҳорати хоса баён гаштааст. Аз ин рӯ, мавзӯи мо нав нест, аммо метавон бо тадқиқу таҳлили шеъри шоирони имрӯзи Самарқанд ба он рӯҳи тоза бахшиду услуби навини ифодаи ватандӯстиро дарёфт намуд.
Муддао аз навҷӯиву навоварӣ дар он аст, ки Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодат мебошад. Бинобар ҳамин, мо бояд дар замири хонанда ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш намоем.
Шоироне, ки имрӯзҳо дар муҳити адабии Самарқанд эҷод мекунанд, бешубҳа дар шеърҳояшон баробари васфу ситоиш ва эътирофи зебоиву муқаддасии Ватан, оиди ватандӯстиву ватанпарварӣ низ афкори худро баён кардаанд. Аз ҷумла, дар эҷодиёти шоирон Салим Кенҷа, Ҳусейн Рашидӣ, Нормурод Каримзода, Худойназари Оқсоӣ, Хоҷа, Дилшодаи Фарҳодзод, Парисо, Баҳодури Убайдуллоҳ ва дигарон рӯҳи замон, мавзӯъҳои муҳими ҳаёти халқ ва кишвар, аз қабили дӯстиву бародарӣ ва бахусус тасвири зебоиҳои Ватан инъикос ёфтаанд.
Барои он ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарвариро тасаввур кунем, аз ватанпарварони музаффаре чун Темурмалик ва Ҳабиб Юсуфии самарқандӣ ёдовар мешавем. Дар таърих сабт шудааст, ки вақте ҷасади қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро пайдо мекунанд, аз бари ӯ як каф хок ва қоғазпорае меёбанд. Дар он чунин мисраҳо сабт будаанд:
«Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки орзу мебарам ба хок.
Чунин рафтору кирдори қаҳрамони Ватан метавонад боз садҳо нафаронро ҳамчун ҳимоятгару дӯстдори Ватан тарбият кунад. Шоири оташнафас ва таронасарои Ватан Ҳабиб Юсуфӣ на танҳо бо шеърҳои манзумаш, балки бо амалаш ватандӯстии худро исбот кардааст. Шеърҳои аввалинаш, ки дар навъҳои суннатии адабиётамон-­ғазалу рубоӣ суруда шудаанд, аз соли 1936 интишор ёфтаанд. Шоири ҷавон бо дили гарму маҳорати фавқулодда навъҳои кӯҳнаро барои ифодаи мавзӯъҳои нав мутобиқ сохта, бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит намудааст, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро инъикос кардан имкон дорад. Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои «Ишқи Ватан», «Ба Ватан», «Ин Ватан зинда дар ҷаҳон мебод», «Мактуб аз Шарқи дур», «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд». (Ҳабиб Юсуфӣ, «Сатрҳои нотамом, китоби 1, Душанбе – «Адиб», 1987»)
Такрори чунин таъбиру асосҳо дар он аст, ки имрӯз ҳам шоирони ватанпарвари Самарқанд баробари бо амали нек нишон додани самимияту садоқати худ ҷавонони мамлакатамонро дар роҳи ватандӯстӣ, бародарӣ тарбият мекунанду баҳри сулҳу озодӣ ва ободии Ватани азиз саҳмгузорӣ менамоянд.
Яке аз чунин адибони шинохта Салим Кенҷа мебошад. Дар шеъри ӯ самимият ва садоқат бештар ба назар мерасад. Нисбати яке аз китоби шеърҳои Салим Кенҷа доктори улуми филологӣ, профессор Ҳасан Қудратуллоев таъкид кардааст, ки ашъори ин шоир саропо соддаву равонанд. Онҳо бо як хондан манзуру писанди хонанда мегарданд. Дар ҳақиқат чунин аст. Масалан, шоир дар шеъри «Як пораи қанди туам», ки нисбати зодгоҳаш навиштааст, ба таври соддаву равон, оҳанги муҳаббату садоқат ифтихори хешро нисбати Ватан баён кардааст.
Эй Самарқанди азиз, фахрам,
ки фарзанди туам,
Ту саросар қанду ман як пораи қанди туам.
Дар шеър рӯҳияти ифтихормандиву дилпазирии муаллиф нисбати Самарқанд акс ёфтааст, ки хеле равону самимист.
Ашъори шоирро мутолиа карда, профессор Ҷумъа Ҳамроев чунин мегӯяд: «Вақте дар бораи Ватан меандешад, пеш аз ҳама номи шаҳри азизаш Самарқанд ба забон меояд, хеле шеърҳояшро бо ҳамин ном мегӯяд. Мо медонем, ки дар мавзӯи ватанхоҳӣ, бахусус, дар бораи Самарқанд шоирон шеърҳои зиёд гуфтаанд. Бояд гуфт, ки то имрӯз ягон шоире дар васфи сайқали рӯи замин ин қадар бисёр шеър нагуфтааст. Пас суол меояд, ки Салим Кенҷа дар ашъораш чӣ чизи наве ба мо мегӯяд. Бояд қайд намоем, ки аз ашъори ба Самарқанд бахшидаи шоир Салим Кенҷа маълум мешавад, ки номи ин шаҳр ва сарнавишти таърихии он барояш мавҳум нест. Ӯ дар Самарқанд ба дунё омада, ба воя расидааст ва аз хурдӣ бо қисмат ва муҳити пурвоқеаи он ошност».
Шоири дигари самарқандӣ Нормурод Каримзода, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекунад хоки ватанро аз лаълу гуҳар беҳ медонад, аз истиқлоли Ватан шукрона мегӯяд, мехоҳад, ки ҳамеша дар канори он бошад ва барои ҳимояи Ватан ҳатто аз баҳри ҷони ширин ҳам мегузарад:
Ватанам, хоки ту беҳтар бувад аз лаълу гуҳар,
Давам аз меҳру садоқат паи имдод ба сар.
Бидиҳам ҷони ширин дар раҳи пуршони дифоъ,
Нагузорам, ки дил озурда кунад бонги хатар.
Ё ки
Эй хоки Ватан туро ба сар бардорам,
Дар дил ба ту ишқи беҳ зӣ гавҳар дорам.
Дар роҳи ривоҷи марз бандем камар,
Бар нашъу нумӯи он чу бовар дорам.
Каримзода рӯҳи болида ва дили дилбар дорад, ки ин дар гуфтаҳояш акс ёфтаанд. Ӯ ҳамчун фарзанди дилсӯзи Ватан баробари бо зодгоҳ фахр кардан, тайёр аст, ки баҳри ривоҷу равнақ, ҳифзи осоиштагии он ҷонашро дареғ надорад:
Чи хуш фарзанди дилсӯзи диёрам,
Зи истиқлоли кишвар бахтиёрам.
Қасам бар номи поки кишвари ҷон,
Ки тайёрам ба ҳифзаш ҷон сӯпарам.
Вақте ки шоир Нормурод Каримзода оиди Ватан сухан мегӯяд, диёри муқаддасро бо эҳсосоти баланд ва самимият ба забон мегирад, ки кас ба ҳақиқати гуфтаҳои ӯ бовар мекунад. Сухани ӯ дар васфи Ватан аҳамияти баланди иҷтимоию сиёсӣ ва шаҳрвандӣ касб карда, эҳсосоти баланди ватанпарварии ӯро ифода мекунанд:
Нахоҳам аз Ватан ман молу дунё
Нишастан дар бараш дунёи ман буд.
Ҷаҳонро як ба як кардам тамошо,
Фақат ҳуббулватан шайдои ман буд.
Шоираи навовару навпардоз Дилшодаи Фарҳодзод, ки зодаи ноҳияи Тайлоқ аст, то кунун маҷмӯаи шеърҳои «Шабҳои маҳовез», ва «Як қалам рӯшноӣ»-ро аз чоп баровардааст. Ба яке аз маҷмӯаҳои Дилшодаи Фарҳодзод доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев сарсухан навишта, таъкид кардааст, ки «ашъори Дилшод олами зебоию нафосат, андешаву хаёлҳои рангини шоирона аст. Ӯ дар шеърҳояш шоирона фикр мекунад, шоирона гап мезанад, образнок андеша меронад, ба ҳама чиз ва ҳодисаҳои мавриди назар шоирона менигарад. Дар натиҷа, ҳама чиз дар тасвири ӯ ранги ҷилои бадеӣ пайдо мекунад, ҷон мегирад, ба сурату сирати инсонӣ намоён мегардад».

Дар ҳақиқат, шоира дар мавзӯъҳои гуногун бо маҳорати баланд шеър гуфтааст. Аммо теъдоди шеърҳое, ки дар мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ навиштааш, начандон бисёр аст. Ӯ шеъри сафеде дар мавзӯи «Дар Самарқанди дилам» навиштааст ва таърихи имрӯзи ватанашро бомаҳоратона ба қалам гирифтааст. Маҳорати шоиронаи шоира дар он аст, ки вай баробари гувороиву зебоии Самарқанд, аз нуқси иҷтимоӣ низ хотиррасон намудааст. Шоира мегӯяд:
Дар Самарқанди дилам хуррам кафи хокест,
Ки тар чун хоки Тарлох аст;
зи файзи чашмаҳои обшорон,
Зи файзи чашмҳои меҳрборон,
Зи файзи лолаи қалби нигоре,
Тапишҳои дили уммедворе,
Дуои сабзи дасти шохсорон.
Ё ки
Дар Самарқанди дилам
як мушт тарлохест
Ки волотар ва гӯётар бувад
аз кӯзаи пушти Афросиёб…
Яке аз шоирони ҷавони муҳити адабии Самарқанд Баҳодури Убайдуллоҳ (Раҳмонов) мебошад. То кунун маҷмӯъаҳои «Чашмаи ишқ» ва «Фарҳанги падар»-и шоир дастраси мухлисони шеър гардидааст ва китоби тозанашри ӯ зери унвони «Ватани бахт» дар дасти чоп аст. Дар шеърҳои шоир мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ мавқеи хоса дорад. Дар шеърҳои «Ӯзбекистон», «Эй чеҳраат чун рӯи модар», «Эҳсоси Ватан», «Ишқи Ватан», «Сайқали рӯи замин», «Ватани мо», «Тақдирҷунбони ман» ва ғайра ғояҳои ватандӯстӣ, ватанпарварӣ ифода ёфта, муаллиф кӯшидааст, ки баробари инъикоси меҳри худ нисбати Ватан, дар дили мардум, бахусус, ҷавонон эҳсоси ватандӯстиро пурзӯр намояд. Вақте ки хонанда ба шеърҳои дар ин мавзӯъ навиштаи шоир муроҷиат мекунад, дар симои Ватан бӯи ҷаннат, бӯи модар ва бӯи гаҳвораро эҳсос менамояд. Ба қавли шоир инсон дар ҳаёт ҳама чизро метавонад пайдо кунад, аммо Ватан ва модарро не! Зеро ҳар кас танҳо як Ватан ва як модар дорад:
Эй Ватан, гаҳвораҷунбони манӣ,
Ҳам барои бахти ман гаҳвораӣ.
Ман ки ҳамчун тифл дар гаҳвораам,
Ту мисоли модари дилпораӣ.
Ё ки нисбати кишвари азиз Ӯзбекистон бо тасвири шоирона чунин мегӯяд:
Чу нақши сӯзании модари ҷон
Зи хушрӯзӣ нишонӣ, Ӯзбекистон.
Кашидӣ остин бар чашми оҷиз,
Шуъои сабзҷонӣ, Ӯзбекистон.
Сиришки шодиҳоят шабнами гул,
Сурури боғбонӣ, Ӯзбекистон.
Шоир одатан дар шакли шеъри суннатӣ мадҳи Ватан кардааст. Аммо каму беш дар шеърҳое низ, ки дар услуби нав навишта шудаанд, ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ мекунад:
Гар дар ин дунё нишоти зиндагӣ
қимати умр аст, ёр,
қимати ман бе Ватан беқимат аст.
Ҷонсупорӣ баҳри тақдири
азал гар ҳиммат аст,
ҳиммати ман бе Ватан беҳимматист,
ҳиммати беҳимматӣ бар
одаме гар ҳикмат аст,
ҳикмати ман бе Ватан беҳикматист…
Яъне қадру қимату баҳову хубии умр агар шодиву сурур бошад, бе Ватан умри ман қимат надорад, шодиву сурур ва ҳузур надорад. Ҷонсупорӣ тақдири азал, яъне ҳар кас дар вақту мурури замони худ ҷон месупорад, ки ин ҳиммат аст. Агар ҷонсупории мо на барои Ватан бошад, вай аллакай рӯъёст… Ҳар кас бо ин воқеият як ҳикматро пайдо мекунад, ки барои ман ғайр аз Ватан ҳикмати олие нест, яъне бе Ватан на ман ҳастаму на Ман ҳаст.
Хулоса, ба қавли шоир ҳама қудрат, қувват, шӯҳрату шавкат, меҳнату роҳати ӯ бо Ватан, баҳри Ватан мебошад:
Ватан нозам агар, – аз шӯҳрати ту,
Сарамро хам кунам, – бар ҳурмати ту.
Ба теғи душманат рост истаму лек
Намирам ман агар,-аз қудрати ту.
Баҳодур Убайдуллоҳ ҳамчун фарзанди ватанхоҳ ба хоинону душманони меҳан низ мубориз аст, ки ин рӯҳият дар шеъри «Ба ватанфурӯшон»-и ӯ аён шудааст. Шоир ба ватанфурӯшон чунин хитоб мекунад:
…Кай ба ёд оред, аз баҳри Ватан,
Шераку Испитамон хунинкафан.
Ман ба гургони разил шерафканам,
То бурун н-­ояд агар ҷон аз бадан.
Баҳри бахти мардумони ин Ватан,
Баҳри модар, баҳри шаъни ҷон падар,
Тир созам донишамро бар шумо,
Чун Ватанро дӯст дорам бештар!
Шоир мехоҳад, бо маърифату маънавияту фарҳанги бузург ба ҷаҳолат ҷавоб диҳад ва чун фарзанди содиқи Ватан онро ҳимоят кунад. Пай бурдан мумкин, ки вай аз шеър­ҳои шоирони ватанпарвару ватанхоҳ хуб огоҳ аст, ки нафаси Ҳабиб Юсуфӣ медамад. Худи шоир дар шеъри «Модарам» ин фикрро тасдиқ карда мегӯяд, ки аз овони кӯдакӣ модараш шеърҳои Ҳабиб Юсуфиву Мирзо Турсунзода хондааст, то фарзандаш низ ватанпарвар шавад:
То Ватанро дӯст дорам чун Ҳабиб,
Бар сари гаҳвораам шуд посбон.
Ҷойи алла шеъри Турсунзода хонд,
То бидонам сулҳ, шукри дӯстон.
Оре, шукри зиндагӣ кардан ва дӯстиву баробариро дарк намудан яке аз омилҳои муҳим мебошад.
Хулоса, аксар шоирони муосири Самарқанд шукронаи замон ва Ватан намуда, мекӯшанд, ки бо тасвир ва навоварӣ зебоиву гувороӣ ва муқаддасу азиз будани Ватанро тараннум намоянд. Агар ба байтҳои боло эътибор диҳем, дар ҳамааш моҳияти якранг – чун фарзанди содиқи кишвар барои Ватан ҷон фидо кардан, Ватанро азиз донистан ва ғайраҳо мавҷуд аст.
Такроршавии фикрҳои шоирони мазкур ва танг гирифтани доираи мазмуну мафҳуми «Ватан» аз камбудиҳои асосии шеърҳои ба Ватан ва зодгоҳ бахшидаи бисёре аз шоирони имрӯзаи тоҷик аст.
Набояд фаромӯш кард, ки шеърҳои ғояҳои ватандӯстиву ватанпарваридошта барои дар рӯҳи ватанпарварӣ, дӯстӣ ва некӣ тарбият намудани авлоди нав саҳми бузург мегузорад.

Ситора РАҲМОНБЕРДИЕВА,
донишҷӯи ДДС
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: