Гармако — номи таърихии маҳалла

Гармако — номи таърихии маҳалла

Топономика маҷмӯи номҳои географии ягон мамлакат ё мавзеъ аст. Илми лингвистика як қисми лексикология мебошад ва номҳои географиро меомӯзад. Ҳангоми тадқиқи ном, таърихи пайдоиши ин ё он мавзеъ ба топонимикаву лингвистика такя мекунанд.
Дар 60-70 соли охир топонимика ривоҷ ёфт ва ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид. Оиди топонимика, ки аз даврҳои қадим диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кардааст, бисёр рисола, монография, луғат ва дастурҳои таълимӣ навишта шудаанд.
Дар топонимҳо шароити географии ягон мавзеъ, воқеаҳои таърихӣ, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ғайра акси худро меёбанд.
Гувоҳи забон ва таърихи гузаштаи топонимҳоро омӯхтан, сабт кардан ва барои авлоди оянда боқӣ гузоштан аҳамияти калони илмиву амалӣ дорад.
Таърихи пайдоиши номи деҳаи Гармако аҷиб аст. Аз замонҳои қадим мардум дар ин ҷо ба деҳқонӣ машғул будаанд. Атрофи қитъаҳои калону васеи боғ, токзор ва майдонҳои полизиро бо деворҳои баланд иҳота мекардаанд. Дар ин ҷо тарбузу харбуза, махсусан ҳандалакро бештар мекоридаанд. Яке аз сулолаҳои охирини ҳандалаккорҳои ин мавзеъ Нӯъмонбобо будаанд, ки чанд сол вазифаи раиси маҳаллаи Гармакоро ба ҷо овардаанд.
Пайдоиши номи деҳаи Гармако ба обу ҳавои мувофиқи ин ҷо барои ҳандалаккорӣ ва ба гӯшаву канорҳои гуногун паҳн шудани таърифи ҳандалакҳои ширину хушбӯйи ин мавзеъ вобаста аст. Ҳатто мувофиқи ривоятҳо устою бинокорони мадрасаҳои Шердору Улуғбек ва Тиллокории Регистон мегуфтаанд, ки «ба Гармако рафта гармак биёред».
Як маънои калимаи «гармак» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» як навъи харбузаи тезпазак аст. Шакли он лӯнда буда, бӯй ва таъми ба худ хосе дорад. Шоир Абӯисҳоқи Атъима ба ин маънӣ гуфтааст:
Оли бармак дар карам гармакфурӯши ин даранд,
Ин сухан нармак намегӯем, ки ҳаст ин муштаҳир.
Бинобар ҳамин, агар номи маҳаллаи Гармакои шаҳри Самарқанд аз нав барқарор карда шавад, ҳақиқати таърихӣ пойдор мегардад.

Ӯктам ОЛИМОВ,
раиси маҳалла .

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: