Ибораҳои обдори самарқандиён

Ибораҳои обдори самарқандиён

Аз пушти шолӣ курмак ҳам об мехӯрад.
Бо ёрдами тағою амак ба мансаб соҳиб шудан.
Эркаи бепиёздоғ.
Оши бепиёздоғ ширин намешавад, яъне фач аст. Бачаро эрка кунед, мисли оши бепиёздоғ «фач» мешавад.
Зиндагӣ дар хонаи кас,
Не ғами нон, не ғами хас.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки «меҳмонӣ, се рӯз» гуфтаанд.
Ишкамбанда.
Шахси пурхӯри ишкамкалон.
Лаганбардор.
Ба маънои хушомадгӯй, тамаллуқкор. На танҳо шахсони алоҳида, балки баъзе рӯзномаҳо низ бо таърифу тавсифи мансабдорон лаганбардор шуда метавонанд.
Маймунбозӣ.
Фиребгарӣ кардан. Бо ягон баҳона ба вақти дигар монондани иҷрои кор.
Синни гӯсфанду бузҳо.
Панҷӣ – гӯсфанд ё бузи тақрибан сесола, чорӣ – аз дусола калонтари нарро мегӯянд. Яъне, як соли умри одамӣ бо ду соли ҳайвонот баробар будааст. Аммо чаро гӯсфанди яксоларо шишак, яъне шашсола мегӯянд, намефаҳмам. Эҳтимол барои тезтар кушта хӯрдан мегӯянд. Зудтар нӯши ҷон кардан мехоҳанд.
Ӯҳ инсонҳои маккоре!
Барои зудтар кушта хӯрдани бузу гӯсфандон ҳатто солшумориро барои онҳо дигар кардаанд!
Бемор бемор не, бемордор бемор.
Нисбати парастори бемори рӯйибистарӣ мегӯянд.

Адаш ИСТАД .

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: