Ташаббусҳо дар амал

Ташаббусҳо дар амал

Дар мамлакатамон бобати ба амал татбиқ намудани панҷ ташаббус, ки чорабиниҳои маҷмӯии фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани шавқи насли наврас ба адабиёт, театр ва намудҳои дигари санъат ва ғайра нигаронида шудаанд, корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Аз ҷумла бо мақсади иҷрои ташаббуси чорум, ки бо ташкили корҳо оиди баланд бардоштани маънавияти насли наврас ва тарғиби васеи китобхонӣ дар байни онҳо вобаста аст, дар маҷмӯаи маънавӣ-­маърифатии «Олами китоби Самарқанд» тақдимоти китоби «Айнишиносӣ дар Самарқанд» гузаронида шуд.
Кормандони гвардияи миллии Самарқанд, таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ва вакилони ҷамоатӣ иштирокдорони тадбир буданд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» оиди аҳамияти мутолиаи китоб дар ташаккули маънавияти инсон, корҳое, ки дар мамлакатамон бо мақсади тарғиби китобхонӣ байни мардум, бахусус, ҷавонон амалӣ мегарданд, аҳамияти нашри китоби «Айнишиносӣ дар Самарқанд» ҳарф зад.


Мухбири худамон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: