Дӯсти инсон

Дӯсти инсон

Ба қарибӣ сокини 45 – солаи маҳаллаи Меҳрҷони ноҳияи Булунғур Аслиддин Бобонов ба мактаби зодгоҳаш – мактаби таълими умумии рақами 23 китобҳо ҳадя намуд. Аз ин кори хайри ӯ хурсандии омӯзгор ва хонандагони мактаб канор надорад.
– Соли 1991 ин мактабро хатм намудам. Дар мактаби олии шаҳри Тошканд таҳсил гирифтам. Имрӯзҳо ба шӯъбаи хизматрасонии хонаву ҷойи ноҳия роҳбарӣ мекунам. Китоб дӯсти доимии инсон мебошад. Бачаҳо ин китобҳоро хонда, ғизои маънавӣ гиранд. Ба китобхонаи мактаб аз ҳисоби худам маҷмӯаи китобҳо, адабиёти беҳтарини ҷаҳон ва миллиро тӯҳфа намудам, – гуфт А. Бобонов.

Ҷамшеди АСРОР .

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: