Беш аз 1 миллион абитуриент ҳуҷҷат супурд акнун навбат ба имтиҳоноту санҷишҳо

Беш аз 1 миллион абитуриент ҳуҷҷат супурд акнун навбат ба имтиҳоноту санҷишҳо

Дар кишварамон шумораи ҷавононе, ки дар шӯъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибонаи зинаи таълими бакалавр ба рӯйхат гирифта шуданд, ба 1 миллиону 66 ҳазору 925 нафар расид. Аз ҷумла, 5-то муассисаи таълими олии зерин аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷойҳои аввал меистанд:

  1. Донишгоҳи давлатии Самарқанд – 74377 нафар;
  2. Донишгоҳи давлатии Андиҷон – 45977 нафар;
  3. Донишгоҳи давлатии Қаршӣ – 44676 нафар;
  4. Донишгоҳи давлатии Фарғона – 42118 нафар;
  5. Донишгоҳи давлатии Урганч – 39405 нафар.
    Аз рӯйхат гузарондани абитуриентҳое, ки хоҳиши таҳсил дар шӯъбаҳои таълими шабона ва ғоибона доранд, 15-уми июли соли равон боздошта шуданд. То 14-уми июли (18:00) соли равон шумораи абитуриентҳое, ки дар шӯъбаи ғоибонаи муассисаҳои таълими олии дар вилоят буда аз рӯйхат гузаштаанд, ба 31 174 нафар расид. Аз ҷумла:
  6. Донишгоҳи давлатии Самарқанд – 24 688 нафар (шумораи квотаҳо – 900 то);
  7. Донишкадаи давлатии сохтмону меъмории Самарқанд – 2078 нафар (шумораи квотаҳо – 140-то);
  8. Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд – 1836 нафар (шумораи квотаҳо – 75 то);
  9. Донишкадаи медетсинаи ветеринарияи Самарқанд – 1561 нафар (шумораи квотаҳо – 330-то);
  10. Филиали самарқандии Донишгоҳи технологияҳои ахбори Тошканд – 621 нафар (шумораи квотаҳо – 75-то);
  11. Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» – 410 нафар (шумораи квотаҳо – 75-то);
    Инчунин, дар шӯъбаи шабонаи таълим дар:
  12. Донишгоҳи давлатии Самарқанд – 1670 нафар (шумораи квотаҳо 260-то).
  13. Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд – 986 нафар (шумораи квотаҳо – 90-то) абитуриент аз рӯйхат гузаштанд.
    Маълум аст, ки аз соли таҳсили 2019-2020 қабули аризаи абитуриентҳо баробари муассисаҳои таълими олӣ ба воситаи Маркази хизматҳои давлатӣ ҳам амалӣ карда шуданд. Дар ин кор Маркази хизматҳои давлатии вилояти Самарқанд нисбати дигар ҳудудҳо фаъолтар буд.
    Аз ҷумла, се ноҳияи вилоятамон Пастдарғам (3871 нафар), Иштихон (3149 нафар) ва Пайариқ (3097 нафар) аз рӯйи ба рӯйхат гирифтани довталабон ҷойҳои аввалро гирифтанд:
    Хулоса, ба рӯихатгирии абитуриентҳо боздошта шуд. Акнун навбат ба имтиҳонҳои тестӣ.
Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: