Ҷамоаи хоккейи Самарқанд дар чемпионати Қазоқистон иштирок мекунад

Ҷамоаи хоккейи Самарқанд дар чемпионати Қазоқистон иштирок мекунад

Ҷамоаи «Шердор»-и Самарқанд дар мавсими 2019-20 дар чемпионати Қазоқистон чун ҷойгузини ҷамоаи «Бинокор»-и Тошканд ширкат мекунад.
Дар ин бора Федерасияи хоккейи Қазоқистон (ФХҚ) хабар додааст.
Пеш аз оғози мавсими хоккей намояндагони ФХҚ ба стандартҳо ҷавобгӯ будани варзишгоҳи «Шердор» – «Самарқанд Арена»-ро озмоиш мекунанд. Варзишгоҳи «Самарқанд Арена», ки дар боғи «Суғдиёна»-и шаҳр сохта мешавад, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода супорида мешавад.
Ҳоло дар бораи таркиби ҷамоаи хоккейи шаҳри Самарқанд маълумот нест.
Чанде пеш хабари ширкати ҷамоаи «Бинокор»-и Тошканд дар чемпионати Қазоқистон ва оғози машқу тамриноти хоккейбозони пойтахт дар расонаҳои хабарӣ паҳн шуда буд. Ҳоло маълум аст, ки ин барномаи «Бинокор» амалӣ нагардидааст.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: