85 фоизи аҳолии ҷаҳон  аз бемориҳои дандон азият мекашанд

85 фоизи аҳолии ҷаҳон аз бемориҳои дандон азият мекашанд

Имрӯзҳо аксари аҳолии ҷаҳон аз бадбӯйии даҳон ва пӯсиши дандон шикоят менамоянд.
Бояд гуфт, ки 90 фоизи бадбӯйии даҳон бо нодуруст нигоҳубин намудани дандонҳо ва риоя накардан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ вобастагӣ дорад. Яке аз сабабҳои бадбӯйии даҳон ва пӯсиши дандонҳо ин мавҷуд будани бактерияҳо мебошад. Агар сабаби бадбӯйии даҳон парадантоз бошад, онро бо маслиҳати духтури дандон табобат кардан мумкин аст. Бемориҳои меъдаю рӯда, диабети қанд, талхаю ҷигар низ метавонанд сабабгори бадбӯйии даҳон гарданд.
Пӯсиши дандон (кариес) бемориест, ки дар натиҷаи пайваста вайрон шудани бофтаҳои сахти дандон (сир, девтин, семент) ба вуҷуд меояд. Сабабҳои кариеси дандон гуногун буда, комилан аниқ нашудаанд. Мувофиқи назарияи химиявию паразитарӣ кариеси дандон дар натиҷаи ҳал (вайрон) шудани қисми минералии дандон аз таъсири кислотаҳое, ки ҳангоми таҷзияи карбогидрати хӯрок дар ковокии даҳон ҳосил мешаванд, ба вуҷуд меояд. Аз таъсири микробҳо қисми органикии дандон низ вайрон мешавад. Кариеси дандон бе иштироки микробҳо ҳам пайдо шуда метавонад. Пайдоиши кариеси дандон ба истеъмоли намуди хӯрок низ вобаста аст. Дар маҳалҳое, ки обаш дорои миқдори ками фтор аст, кариеси дандон бештар мушоҳида мешавад. Аз ка­риес аксаран дандонҳои ҷоғи боло, дандонҳои ширии 5-ум ва курсии 1-ум осеб мебинанд.
Кариес одатан дар рӯйи дандон, дар он ҷое, ки дандонҳо ба ҳам расида меистанд, пайдо мешавад. Дар ҷойи кариес аввал сири дандон суда мешавад. Баъдан иллат ба дентин гузашта, ба атроф ва дарунтари дандон паҳн мегардад. Ҷойи судашудаи сири дандон ҳангоми истеъмоли таоми ширину турш ва гарму хунук дард мекунад. Пулпит ва газаки дандон боди кариеси дандон мебошанд.
Мувофиқи маълумоти шифокорон варамидани милку пӯсиши дандон бемории паҳншуда ба ҳисоб рафта, 85 фоизи аҳолии ҷаҳон аз ин беморӣ азият мекашанд. Яке аз сабабҳои харобии дандон ин нарасидани витаминҳои В, С, D мебошанд. Ҳангоми нарасидани чунин витаминҳо эҳтимол аст шахс дандонҳои солимашро аз даст диҳад. Аз ин рӯ, зан ҳангоми ҳомиладорӣ бештар аз ғизоҳои сервитамин истифода намояд, то ин ки фарзанди ӯ дандонҳои солиму ҷилодор ва устухонҳои қавӣ дошта бошад.
Стоматологҳо қариб 700 намуди микробҳоро дар даҳон муайян кардаанд, ки ҳангоми тоза накардани дандонҳо афзоиш ёфта, боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мегарданд. Аз ин рӯ, ҳар як шахс баҳри беҳдошти саломатӣ бояд ба тозагӣ риоя намояд.
Мутаассифона, имрӯзҳо як гурӯҳ аз волидайн ба шустани дандонҳои фарзандони худ беэътиборанд. Дар натиҷа кӯдак аз хурдӣ ба шустани дандон одат намекунад ва ин боиси аз хурдӣ ба бемории дандон дучор шудани ӯ мегардад. Бояд гуфт, ки барои пешгирии чунин бемориҳо ҳар нафар чӯткаи дандоншӯйии алоҳида дош­та бошад ва ҳар моҳ як маротиба онро иваз намояд. Инчунин, дар ҳар се моҳ як маротиба аз ташхиси стоматолог гузарад. Тавре мегӯянд, дандонҳои солим на танҳо ифодагари сиҳативу бардамии инсон аст, балки ба ҳусни кас зебоӣ зам мекунад.

Таҳияи СИТОРА

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: