Навигариҳои тиб

Навигариҳои тиб

Аз 8 соат бештар кор кунед…

Мувофиқи натиҷаи тад­қиқоти олимони Франсия дар одамоне, ки ҳар рӯз беш аз 8 соат кор мекунанд, хатари ривоҷи инсулт (сакта) меафзояд. Оиди ин MedicalXpress хабар дод.
Дар одамоне, ки дар довоми як сол беш аз 50 рӯз 10 соат ва аз он зиёд кор кардаанд, нисбати кормандоне, ки мувофиқи меъёр кор бурдаанд, хатари инсулт ба 29 фоиз зиёд мешавад.
Дар шаҳрвандоне, ки тӯли даҳ сол мунтазам беш аз 10 соат кор кардаанд, хатар ба 45 фоиз боло меравад.
Беш аз вақти муқаррарӣ кор кардан, бахусус ба афроде, ки ба синни 50 нарасидаанд, таъсири манфӣ мерасонад.
– Ин ҳолати ғайричашмдошт аст. Барои сабаби ин ҳодисаро омӯхтан тадқиқоти дигареро ба анҷом расонидан лозим, – мегӯяд муаллифи тадқиқот Алекси Деската.
Дар тадқиқот 143600 нафар шаҳрвандони синнашон аз 18 то 69-сола иштирок карданд. Саломатии онҳо тӯли 7 сол зери назорат буд.

Сабаби лакнатдории забон

Олимони Институти фанҳои мағзи сар ва конгнитиви ба номи Маск Планки Лейпсид ва кормандони илмии Маркази тиббии Донишгоҳи Геттинген сабабҳои асоси лакнат пайдо кардани забонро муайян карданд.
Назар ба маълумоти олимон фаъолияти синхронӣ надоштани баъзе ретсепторҳои нимкураҳои мағзи сар барои пайдоиши нуқсон дар нутқ мешаванд.
Дар одамоне, ки бо нуқсони нутқӣ тавлид шудаанд, яке аз нимкураҳои мағси сар нисбати дигараш фаъолтар кор мекунад ва ин ташаккули нутқро душвор намуда, боиси пайдоиши лакнат дар забон мешавад.
Натиҷаи омӯзиши сохтор ва фаъолии мағзи сари одамони забонашон лакнатдор нишон дод, ки таркиби торҳои асаби нимкураи рости мағзи сари онҳо аз нимкураи чап тафовути ҷиддӣ дорад.

Хомӯшак чаро баъзеҳоро намегазад?

Дар ҳавои гармо хомӯшакҳо зиёд шуда, бештар хуни инсонҳоро мемаканд. Тааҷҷубовар аст, ки онҳо чаро дар як хона якеро зиёд мегазанд ва ба дигаре умуман наздик намешавад.
Вақте мо ҳаворо нафас мекашем, гази карбон хориҷ мешавад. Дар ин муддат онҳо бӯйи инсон ва ҳайвонотро аз нафасашон зуд фаҳмида, ҷойи онҳоро муайян мекунанд.
Одамони азимҷусса гази карбонро зиёд хориҷ мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо бештар зери ҳуҷуми хомӯшакҳо мемонанд.
Инчунин, пӯсти одамон бо тамъу бӯй аз якдигар фарқ мекунанд. Олимон исбот кардаанд, ки хомӯшакҳо бештар бо гурӯҳи хуни муайян ё нафаре, ки муддатҳои тӯлонӣ нӯшокиҳои спиртиро истифода накардааст, наздик мешаванд. Онҳо ҷойҳои сернамро барои зиндагӣ интихоб мекунанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: