Оруғи доимӣ – аломати беморӣ

Оруғи доимӣ – аломати беморӣ

Оруғ афтиши миқдоре ғизо ё ҳаво аз меъда ба ковокии даҳон мебошад, ки бо садо ва бӯйи хос ҳамроҳ аст. Ҳангоми фурӯбарии ҳавои барзиёд ё пайдоиши гази афзун дар меъда, фишори дохилимеъдавӣ афзуда, кӯтоҳшавии мушакҳои меъда, ва фишурдашавии сфинктер дар байни меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта (сфинктери пилорикӣ) ба амал меояд, ки ин оруғро ба вуҷуд меорад.
Одамони солим хеле кам оруғ медиҳанд. Дар онҳо асосан оруғ ба сабаби афтиши ҳаво ба меъда ҳангоми хӯрокхӯрии бошитоб, истеъмоли нӯшокиҳои газнок, ҳангоми хушкхӯрӣ, хӯрдани нони гарм, карам, нахӯд ва лӯбиё ба вуҷуд меояд. Аммо оруғи доимӣ метавонад аломати бемориҳои гуногун бошад.
Ҳангоми бемориҳои аъзои шикам, масалан, ҷигар, талхадон, инчунин бемориҳои дилу рагҳо (бемории ишемикии дил, инфаркти миокард ва ғайра) оруғ беихтиёр ба вуҷуд меояд. Ҳангоми бемориҳои меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта бештар оруғ пайдо мешавад. Оруғ бо ҳаво, бо ғизо, талх, турш, гандида, инчунин баланду паст мешавад. Оруғи боҳаво чун қоида бӯю тамъ надорад ва ҳангоми фурӯбарии ҳаво (аэрофагия) ё пайдоиши гази афзун дар меъда ба вуҷуд меояд.
Оруғи гандида ҳангоми таваққуфи ғизо дар меъда (масалан, ҳангоми коҳиши туршнокии шираи меъда, ки ба гастрити атрофикӣ хос аст, ҳангоми саратон ё захми меъдаву захми рӯдаи дувоздаҳангушта, ҳангоми фаъолияти сусти ҳазми меъда, ҳангоми стенози (тангшавӣ) қисмати баромадгоҳи меъда) ба вуҷуд меояд, ки дар он вақт шахшавию вайроншавии ғизо рух медиҳад ва ин ба пайдошавии сулфиду аммиак дар меъда оварда мерасонад. Ҳангоми оруғи боҳаво ба ковокии даҳон ҳамроҳи ғизо миқдоре аз моддаҳои дохили меъда ворид мешавад, ки метавонад ба оруғ таъми талх, турш ва ҳатто пӯсида бидиҳад. Оруғи турш мумкин аст ҳангоми афзоиши туршнокии меъда ё ҳангоми ҳосилшавии барзиёди шираи меъда, ҳамчунин, аз ҳисоби ҷӯшиш ҳангоми набудани кислотаи намак дар шираи меъда ба вуҷуд ояд.
Оруғи доимӣ, пеш аз ҳама, водор мекунад, ки бемор барои муайян намудани сабабҳои пайдоиши он аз ташхис гузарад. Баробари табобати бемории асосӣ бемор бояд парҳезро риоя намояд: нӯшокиҳои газнок ва маҳсуоти хӯрокаеро, ки дар меъда бозмеистанд (лӯбиё, нахӯд ва монанди инҳо), истеъмол накунад. Хӯрок­ро зуд-­зуд ва ба миқдори кам истеъмол намояд.


Аз ҳафтаномаи
табобатии «ШИФО».

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: