Дар Пахтачӣ 400 оила тадбиркориро сар карданд

Дар Пахтачӣ 400 оила тадбиркориро сар карданд

Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии «Ҳар як оила тадбиркор» кормандони филиали бонкҳои тиҷоратии ноҳияи Пахтачӣ хонаҳои мардумро давр зада, эҳтиёҷоти онҳоро ба кредит меомӯзанд. Қобили эътироф аст, ки то ҳол ба беш аз 400 хонавода аз тарафи бонкҳо 6 миллиарду 770 миллион сӯм кредити имтиёзнок ҷудо карда шуд.
Сокини маҳаллаи Ҷаҳонободи ноҳия Алишер Ӯрунов низ дар асоси барнома кредити имтиёзнок гирифта, парвариши шутурмурғро ба роҳ монд.
– Аз филиали ноҳиявии «Микрокредитбанк» 30 миллион сӯм қарзи имтиёзнок гирифта, аз вилояти Навоӣ 18 адад чӯҷаи шутурмурғ ва озуқаи махсуси онҳоро овардам, – гуфт А. Ӯрунов. – Ҳоло якҷоя бо аъзои оила чӯҷаҳоро парвариш мекунем. Шутурмурғҳо баробари тез калон шудан, ба бемориҳои гуногун низ тобовар будаанд.

Б.МУСТАНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: