Интизоми иҷро дар маҷмӯи агросаноат чӣ хел аст?

Интизоми иҷро дар маҷмӯи агросаноат чӣ хел аст?

Маълум аст, ки бар асоси Қарори Президенти мамлакатамон аз 5-уми октябри соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам мустаҳкам намудани интизоми иҷро дар мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ» ба сохтори электрони ягонаи байниидоравӣ васл намудани низоми иҷрои вазорат, идора ва мақомоти ҳокимияти иҷрои маҳаллӣ ва ташкилотҳои дигар таъмин гардид.
Дар тадбире, ки дар садорати вилоятии нозироти назорати маҷмӯи агросаноат бахшида ба таъмини иҷрои қарори мазкур баргузор гардид, ҷонишини якуми сардори нозирот Даврон Очилов оиди корҳои шӯъбаҳои ноҳиявӣ дар хусуси таъмини иҷрои коргузорӣ ва ҳуҷҷатҳо мебаранд, ахбор дод.
Таъкид гардид, ки ба шароитҳои мусоиди фароҳамоварда нигоҳ накарда, дар баъзе шӯъбаҳои ноҳиявии садорат назорати иҷро босифат ва босамар ташкил карда нашудаанд.
Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои бемасъулиятӣ ва расмиятчигӣ дар масъалаҳои риоя ба қарорҳои Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва супоришоти аз ҷониби нозирот фиристодашуда оиди автоматикунонии ҷараёнҳои дохилии коргузорӣ, инчунин, роҳ надодан ба усули консервативӣ — фармондиҳӣ чораҳо муайян гардиданд.
Дар тадбир корҳои бар асоси Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 17-уми апрели соли ҷорӣ «Дар бораи чораву тадбирҳои такмили истифодабарӣ аз техникаҳои хоҷагии қишлоқ, мелиоратсия ва роҳсозӣ» таҳти рақами 325 амалигардида таҳлил карда шуданд.
Бар асоси қарори мазкур аз ҷониби нозирот масъалаҳои вобаста бо иҷрои вазифаҳое мисли таъмини техникаҳои мавҷуда бо аломатҳои рақами давлатии намунаи нав ва ҳуҷҷатҳои техникӣ, додани аломатҳои рақамҳои давлатии намунаи нав, ба наваш иваз намудани шиносномаҳои техникии намунаи кӯҳна, аз назорати техникӣ гузаронидани техникаҳои хоҷагии қишлоқ, мелиоратсия ва роҳсозӣ мавриди муҳокима гашт.
Сипас, ҷонишини сардори нозирот Зафар Саидов ба сухан баромада, доир ба яке аз вазифаҳои муҳим будани таъмини саривақтии иҷрои қарори ҳукумат фикри худро баён кард.
Дар муддати давраи гузаштаи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирот 769 аломати рақами давлатии намунаи нав ва паспортҳои техникӣ дода шуданд. 1652-то воситаи техникии хоҷагии қишлоқ, мелиоратсия ва роҳсозиро аз назорати техникӣ гузарониданд. Пардохти беш аз 385 миллион сӯм таъмин гардид.
Ба ғайр аз ин, дар ҷамъомад масъалаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» низ муҳокима карда шуд.
Дар ҷамъомад аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагашта қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Абдувалӣ ХУДОЁРОВ,
сарнозири Садорати вилоятии инспексияи назорати маҷмӯи агросаноат
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: