Анҷирпарварӣ кори осон нест

Анҷирпарварӣ кори осон нест

Дар ҳудуди шимолӣ – шарқии маҳаллаи Боғибаланди шаҳри Самарқанд 40 гектар анҷирзор мавҷуд аст, ки он на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ягона мебошад. Анҷирҳои ин маскани обод бо хуштаъмӣ аз анҷирҳои дигар мавзеъҳо тафовут дорад.
Бо мақсади навиштани мақола оиди анҷирпарварон ба раиси хоҷагии фермерии «Боғибаланд анҷирлари» – и ноҳияи Самарқанд Рустам Муинов вохӯрдем. Ӯ моро ба кати миёнаҷои анҷирзор, ки се-­чаҳор нафар анҷирпарварон нишаста, сӯҳбат доштанд, таклиф намуд. Бо онҳо сӯҳбатамон оиди анҷирпарварӣ қӯр гирифт. Раис ба нақл даромад:
– Аксари падару бобокалонҳои мо бо анҷирпарварӣ шуғл варзидаанд. Мо ҳам ин анъанаро идома медиҳем. Сабаби дар ин ҷо ташкил шудани анҷирзор ду чиз аст. Якумаш ба ин ҷо аз мавзеи Чӯпонато расидани ҳили гармӣ бошад, дуюмаш, насиме, ки аз дарёи Зарафшон мерасад. Хоҷагӣ соли 2006 таъсис ёфт. То он вақт анҷирзор дар тарки­­би хоҷагии ҷамоатии «Зарафшон», пештар аз он бошад, тобеи хоҷагии ҷамоатии ба номи Шароф Рашидови ноҳияи Самарқанд буд. Нақшаи имсолаи мо расондани 180 тонна анҷири зард мебошад. Дар анҷирзор беш аз 10000 мавҷуд аст. Дар хоҷагӣ 65 оилаи маҳаллаи Боғибаланд меҳнат мекунанд.
Аз сӯҳбат бо анҷирпарварон фаҳмидам, ки муаммои калони онҳо обёрии анҷирзор будааст. Анҷирзорро бо оби ҷӯйи калони «Оби раҳмат» обёрӣ мекарданд. Ҳоло мардум оби ҷуйро ба дараҷае ифлос намудаанд, ки оби онро ҳатто ҳайвонҳо наменӯшанд.
Анҷир дарахти субтропикӣ ба ҳисоб рафта, мевааш бисёр нозук аст. Меваи анҷирро ба рӯйи сабадҳо чида, турш нашуда ба истеъмолчӣ расонидан лозим. Дар акси ҳол он зуд вайрон шуда, ба хӯрдан нораво мешавад. Аз анҷири туршшуда мураббо пазанд, ки бесифат мебарояд. Ба решаи анҷир ҳеҷ гуна озуқа (масалан, пору)ё доруи кимёвӣ намедиҳанд.
Лухи ҳар сол бораи гӯронидани анҷир истифода бурдаашон пӯсида, ба анҷирзор озуқа мешавад. Барои анҷирзор серборон омадани баҳор зарар надорад. Борони зиёд вақти ғӯра будани анҷир фоида дорад. Баргу мевааш калон – калон мешавад. Бино ба гуфтаҳои анҷирпарварон, анҷир дар моҳи август мепазад. Барои ривоҷи ин мева 35-36 дараҷа гармӣ мӯътадил ҳисобида мешавад. Меваҳоро асосан дар бозорҳои деҳқонии шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва ноҳияи Ургут мефурӯшанд.
Анҷирпарварони маҳаллаи Боғибаланд бо меҳнати худ ифтихор доранд.
Анҷирпарварӣ дасти бисёрро мехоҳад. Тирамоҳ зери хок кардану баҳорон кушодани анҷир заҳмату хароҷоти бисёр дорад. Ҳоло эътибор ба анҷирпарварӣ меафзояд. Анҷир меваи шифобахш аст.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: