Ифодаи амалии иҷрои ташаббусҳо

Ифодаи амалии иҷрои ташаббусҳо

Дар мамлакатамон бобати ба амал татбиқ намудани панҷ ташаббус, ки аз тарафи Сарвари давлат пешниҳод гардидаанд, чорабиниҳои муҳим иҷро мегарданд. Дар ин ташаббусот ба ҳифзи манфиатҳои ҷавонон ва зану духтарон низ эътибори алоҳида дода шудааст.
Бахусус, аз тарафи тадбиркор Гулмира Бобоева дар маҳаллаи Хончорбоғ ташкил гардидани корхонаи оилавии «Зайнаб Гулмира Фотима чеварлари» ифодаи амалии иҷрои яке аз ташаббусҳо, ки ба масъалаи бо кор таъмин намудани зану духтарон, истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ дар ҳудуд­ҳо нигаронида шудааст, дар ноҳияи Пастдарғам мебошад. Ҳоло дар сехи дӯзандагӣ беш аз 15 нафар бонувони маҳалла меҳнат мекунанд.
– Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолият аз филиали ноҳиявии Бонки саҳҳомии «Агробанк» ба миқдори 60 миллион сӯм кредит гирифтем, – мегӯяд Г. Бобоева. – Бо ин маблағ дастгоҳҳои дӯзандагиро харидем. Асосан, дар асоси супориш либосҳои махсуси кориро медӯзем. Ҳоло корҳои сохтмонии бинои нави корхона давом дорад. Ин корҳо ба анҷом расанд, боз 15 нафар зану духтарон бо кор таъмин мегарданд.

Бахтиёр МУСТАНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: