Чеки харидро талаб кунед!

Чеки харидро талаб кунед!

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ҷонишини аввали ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва тадбиркорӣ Ҷамшед Ӯроқов, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ва ташкилотҳои нодавлатию нотиҷоратӣ брифинг гузаронида шуд.
Тадбирро раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев ифтитоҳ бахшид.
Ҷ. Ӯроқов оиди аҳамияти талаб кардани чеки харид дар сарпур намудани буҷаи давлатӣ, натиҷаҳои аксияе, ки зери шиори «Чеки харидро талаб кунед!», ки 50 рӯз қабл оғоз гардида, боз 10 рӯз идома меёбад, маълумот дод.
– Мутаассифона, баъзе роҳбарони идора ва ташкилотҳо мувофиқи сохтори пешина корбарӣ мекунанд. Онҳо то чӣ дараҷа пурдолузарб будани амали оддӣ, яъне вақти хариди маҳсулот бо маблағи нақд талаб карда гирифтани чеки харидро намефаҳманд, – гуфт Ҷ. Ӯроқов. – Аксия дар аввали кор не, баъди як моҳи оғоз гардидан натиҷа дод. Ба таври дигар гӯем, ба ҳар як шаҳрванди вилоят ба ҷойи як чеки харид 3 дона чек мувофиқ омад. Агар шаҳрвандон позитсияи шаҳрвандии худро фаҳмида кор баранд, ба буҷаи давлат миллиардҳо сӯм фоида мешавад. Агар иқтисодиёти давлат пурзӯр бошад, сатҳи зисти мардум низ хуб мешавад.
Ҳоло бо мақсади боз ҳам зиёд кардани миқдори пардохт ба буҷа, афзунсозии маданияти ҳуқуқии аҳолӣ аз рӯйи қонунмандии андоз кор бурда мешавад.
Бар асоси дигаргуниҳои сиёсати андоз дар вилоят як қатор корҳо бобати васеъ намудани базаи ба андоз ҷалб намудан амалӣ меёбад. Хусусан, мувофиқи консепсияи андоз дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба 395 нафар тадбиркори тартиби якка, ки гардиши молашон аз 100 миллион сӯм то 1 миллиард сӯмро ташкил менамояд, ба андозсупорандаи андози ягона, инчунин, 313 нафар тадбиркори тартиби якка, ки гардиши молашон аз 1 миллиард сӯм зиёд аст ва 2681 то субъектҳои хоҷагидорӣ ба андозсупорандаи қимати иловагӣ ба андозсупорандаи андози ягона гузаронида шуданд.
Бино ба натиҷаҳои якмоҳа ҳоло дар вилоят 50 фоиз харидороне, ки ба пули нақд маҳсулот мехаранд, чек намегиранд. Асосан дар марказҳои савдо, супермаркетҳо чек дода мешавад. Дар дигар ҷойҳо чек намедиҳанд. Агар харидор чеки харидро талаб кунад, ба вай бо назари бад нигоҳ мекунанд. Масалан, дар бозори калони ноҳияи Ургут ҳамин тавр аст. Дар бозори машҳур 2270 дӯкон фаъолият нишон медиҳад. Онҳо ба пули нақд савдо карда, чеки харид намедиҳанд. Фурӯшандаҳои ин дӯконҳо барои харид бо пули нақд чек медоданд, ба бонкҳо маблағи калон ворид мегашт. Аз ҳамин ҳисоб инфрасохтори ноҳия беҳтар мегардид.
Дар поёни тадбир ҷонишини якуми ҳокими вилоят ба саволҳои журналистон ҷавоб гардонд.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: