Тарғиби панҷ ташаббус дар маҳаллаҳо

Тарғиби панҷ ташаббус дар маҳаллаҳо

Бобати амалӣ намудани 5 ташаббуси муҳим, ки Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, аз тарафи Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандони шаҳри Самарқанд як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Яке аз чунин тадбирҳо дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қири шаҳр ба амал омад. Дар доираи таъмини иҷрои ташаббуси дуввум, ки ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи ҷисмонии ҷавонон, намоён кардани қобилияти варзишии онҳо равона карда шудааст, дар маҳалла аз рӯйи як қатор намудҳои варзиш мусобиқа ташкил гардид. Тадбирро ҷонишини раиси Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандони шаҳри Самарқанд Аҳмадҷон Маматов ифтитоҳ бахшида, оиди аҳамияти тарғиби ташаббусоти муҳим дар маҳаллаҳо ҳарф зад.
Нахуст бачагон ва наврасон аз рӯйи шоҳмоту шашка қувва озмуданд. Сипас, калонсолон дар мусобиқаи тенниси рӯйимизӣ иштирок карданд. Духтаракони маҳалла, ки бо намуди гимнастикаи бадеӣ машғуланд, бо баромадҳои худ исбот карданд, ки асрори ин намуди варзишро хуб меомӯзанд.
Дар анҷом муштзанҳои ноҳияҳои Самарқанд, Тайлоқ, Пастдарғам ва шаҳри Самарқанд қувва озмуданд.
Ғолиб ва иштирокдорони фаъол муайян ва бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардиданд.

Тошпўлод РАҲМАТУЛЛОЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: