Шукронаи истиқлоли Ватан

Шукронаи истиқлоли Ватан

Солҳои аввали истиқлол ҳаёт дар деҳаи мо ниҳоят вазнин буд. Аз азобу машаққати акою хоҳаронам, гуруснагии ҷигаронам ҳамеша нороҳат мегардидам. Аз сабаби серфарзанд будани оилаамон модарам хоҳари 4 моҳаамонро назди мо гузошта, аз боғе, ки дар саҳро буд, меваю сабзавот меовард. Бисёртар себ, картошка ва ҷуворимакка. Мо он картошкаро ба сатил андохта, онро чапа мекардем ва ба атрофаш оташ гиронда мепухтем. Баъзан ҷуворимаккаҳоро ба даруни дег андохта меҷӯшондем, гоҳо дар даруни оташдон баъди нон, ё ош пухтани модарам пухта мехӯрдем ва аз шодӣ сарамон ба осмон мерасиду ҳамон вақт тамоми ғамҳои дунёро фаромӯш мекардем. Шикамамон, ки сер шуд, бо бозиҳои гуногун машғул мешудем. Гӯё ки дар деҳа ғайр аз мо дигар ягон касе набуд. Баъзан вақти картошка ё ки ҷуворимакка хӯрдан фикр мекардам, нисфи онро монаму дар вақти набудани модарам хоҳараки хурдакам гиря кунад, диҳам. Намеандешидам, ки хоҳаракам ҳоло хурду хӯрок хӯрда наметавонад. Дар чунин лаҳзаҳо аз кӯча овози сигнали мошинро шунавем, давида мебаромадем. Ба дӯкон нон меомад. Ҳама бо хурсандиву шодӣ назди дӯкон равона мешуд, аммо ба ҳар оила сарфи назар аз чанд нафар будани узви он ду дона нони булка медоданд. Оилаи мо калон буду ду дона нон барои як бор нишаста, чой нушиданамон намерасид. Баъзан нонро пора кунем, дарунаш ба дастамон мечаспидБа Худо беадад шукр, ки дар ҳавои софу беғубор ба воя расидем. Ёздаҳ фарзанд, ҳама сиҳату саломат ҳастем. Мегӯянд, ки ҳар кӯдак бо насибаи худ ба дунё меояд. Аммо модари азизам моро ба воя мерасонам гуфта, саломатии худро аз даст дод. Ҳоло ҳар як оҳу дарди кашидаи модарам дили маро пора-­пора мекунад. Аз Худои меҳрубон ба дарди модари меҳрубону азизам шифо мепурсам. Ба Худо беадад шукр, ки имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъият ҳар яки мо-фарзандон ҳиссаи худро гузошта истодаем.
Агар солҳои гузаштаро бо имрӯз муқоиса кунам аз замин то осмон фарқ дорад. Беадад шукр, ки моро ба ҳамин гуна рӯзҳои пури ва серӣ, бо файзу барака, тинҷу осоишта, осмони мусаффо расонд. Назари Парвардигор ба ин кишвари ҷаннатмонанд ғалтидааст, ки имрӯз мо авлоди солимро ба воя расонида, тамоми хушбахтии ҳаётро чашида истодаем. Истиқлолият ба мо файзу барака, серӣ ва пуриро ҳадя кард. Зинда бод истиқлолият! Зинда бод Ӯзбекистон!
Дарду шодии яке аз фарзандони оилаи Эгамбердиевҳоро Ситораи ЮСУФ рӯйи коғаз овард.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: