Роҳи зиндагӣ

Роҳи зиндагӣ

Нашриёти «MASHHUR-PRESS»-и шаҳри Тошканд китоби нави Қаюм Собировро бо номи дилкаши «Ёлғизоёқ йӯл» – «Роҳи танҳопой» бо теъдоди 1000 нусха дастраси хонандагон гардонд. Ин китоб қиссаи «Роҳи танҳопой» ва 16 ҳикояи адибро дар бар мегирад. Қиссаву ҳикояҳои маҷмӯӣ ҳама ҳаётӣ буда, аз роҳи зиндагии шахсоне, ки дар вазъиятҳои гуногун қарор мегиранд, нақл карда мешавад. Онҳо бо забони соддаву оммафаҳм ва шавқовар навишта шуда, хонандаро бетараф намегузоранд.
Адиби ҷавон Қаюм Собиров, ки худ зодаву парвардаи ноҳия Ургут аст, аз рӯйи тахассус иқтисодчист. Бо вуҷуди он ба адабиёт дилбастагии беинтиҳо дорад. Ҳикояву мақолаҳои публисистии ӯ мунтазам дар матбуоти даврӣ чоп мешаванд.
Соли 2016 китоби хотира ва ҳикояҳои ӯ таҳти унвони «Отамни излари» – «Изҳои падарам» чоп шуда буд.

Уммӣ

Ҳикоя

Барфи се рӯз пеш борида, ҳанӯз об нашуда, шаби дароз боз барфи лак-­лакӣ зад. Гулсара саҳарии барвақт хеста, аз рӯйи одат барои рӯбучину сариштаи корҳои худ ба берун баромада буд.
Падарарӯсаш Наҷмиддинбобо кайҳо аз хоб хеста дарвозаро кушода, барфҳои кӯчаро бо бели чӯбин тоза карда буд. Фақат рӯфта тоза кардани пасмондаи барфҳои рӯйи замин ба зиммаи Гулсара монда буд. Иттифоқо дар ҳамин вақт келини амакмуллояш, ки дар ҳамсоягии онҳо мезистанд, намудор гашт. Пештар касе, ки барвақттар берун барояд, пеши ана ҳамин ҳудуди ду хонадонро рӯфта тоза мекард. Илова бар ин, дар байни ин ду оила равуо канда намегардид, ҳатто зуд-зуд дар атрофи як дастархон ҷамъ шуда менишастанд. Ба барҳамхӯрии ин одати неку самимӣ як моҳ пур шуда буд. Моҷарое, ки аз як чизи ноарзанда ба амал омад, ба ин сабаб гардид.
Гулсара корҳои беруни дарвозаро иҷро карда, барои рӯфтани роҳравҳои дарун бармегашт, ки духтарчаи чорсолааш Умеда (ҳама ӯро навозишомез Уммӣ гуфта ҷеғ мезаданд) давида, ба айвон баромад.
– Либосҳои тунукатро пӯшида баромадӣ-­ку, Уммӣ, шамол мехӯрӣ, даррав ба ҷоят даромада бихоб! – гуфт ӯ.
Баъде, ки корҳои рӯфтурӯби худро ба охир расонида, ба ошхона даромад, модарарӯсу падарарӯсаш дар атрофи хонтахта нишаста, сӯҳбат мекарданд. Ба онҳо салом дода даромада, аз чойники чойҷӯшонии калон, ки болои печ меҷӯшид, чой дам карда, дар пеши онҳо дастархон кушод.
– Ҳама хезад, баъд нонушта мекунем, – гуфт падарарӯсаш.
Вақте ки Гулсара «хуб» гӯён барои бедор кардани бачаҳо мебаромад, модарарӯсаш пурсид:
– Духтарам, Уммӣ наменамояд, ҳар рӯз пагоҳӣ ба назди мо медаромад-­ку?
– Ҳозир ҷеғ мезанам, аяҷон, нав ба берун баромада буд, хунук хӯрда бошад, эҳтимол гашта ба ҷояш даромада хобидагист…
Гулсара ба хонаи рӯ ба рӯйи хонаи падарарӯсаш ҷойгиршуда гузашт. Дар хонаи бачаҳо духтари калониаш Дилбар ва писарчааш Нодирҷон ҳамон мехобиданд. Умеда бошад, дар ҷойи худ набуд. Саросемавор ба хонаи хоб даромад. Ҳамсараш Комилҷон бедор шуда, аз болин сар бардошт.
– Аз каллаи саҳар ин қадар овоз мебарорӣ? Ба миёни хобам лагад задӣ, – аз ҷой хеста истода, бо оҳанги норозиёна гуфт ҳамсараш.
– Уммӣ ба назди шумо надаромад?
– Не, ба назди падарамон даромадагист, – либосҳои кӯчаравакашро пӯшида истода гуфт Комилҷон.
Хавотири Гулсара афзуд: атрофи хонаҳоро аз назар гузаронд. Духтарчааш дар ҳеҷ куҷо набуд. Дар ин вақт Комилҷон ҳам, ба берун баромад. Ташвиши занаш ба ӯ ҳам гузашт. Хавотири онҳо ба таҳлука пайваст.
Аввал Наҷмиддинбобо ва баъди ӯ Ойдиннисиая ҳам ба ҷустуҷӯ ҳамроҳ шуданд.
Гулсара ба дари ҳаққу ҳамсояҳо сар халонида баромад. Фақат як хонадон монд. Яъне, хонаи додари падарарӯсаш – Рамзиддинака. Дар назди ҳамин дар Гулсара дудила шуд. Истиҳолаи ӯро пайхас карда, Наҷмиддинбобо наздик омад:
– Фақат ҳамин хонадон монд?
– Ҳа.
Бобо аввалин шуда, аз дарвоза даромада истода, ба маънои аз қафоям биё, ба келинаш ишора кард.
Баъди ба дарун даромадан аз даҳлез овози хандаи беғубори кӯдаконаи Умеда шунида шуд. Ин дам падарарӯсу келин гувоҳи манзараи аҷибе гаштанд: дар даҳлез як хона одам менишастанд, дар байн – Умеда бо забони ширинаш шеър мехонду ҳама ӯро таъриф мекарданд. Рамзиддинака навозишомез Умедаро ба оғӯш кашид. Ҳамин вақт ба акаи даромадаомадааш чашмаш афтода, бо табассум нигоҳ кард:
– Ака, набераам маро ёд кардааст. Охир як моҳ боз ба хонаамон надаромада буд-­дия!
Гулсара давон рафта, духтарчаашро ба оғӯшаш пахш кард. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
Наҷмиддинбобо хиҷолатомез бо додари худ оғӯш кушода вохӯрду аз гӯшаи хонтахта ҷой гирифт. Келини хонадон зуд дастархон орост. Дар ин асно Ойдиннисоая ва Комилҷон ҳам даромада омада, Умедаро дида, оҳи сабуке кашиданд. Бо исрори амак онҳо ҳам аз гирди дастархон ҷой гирифтанд. Ва баъди як моҳ боз аъзоёни ду оила якҷоя нонушта карданд. Аҷиб, ки ана ҳамин кӯдаки бегуноҳ ба кинаву адовати байни калонсолон нуқта гузошт.

Аз забони ӯзбекӣ тарҷимаи
Бахтиёри ҶУМЪА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: