Дидор пас аз 30 сол ё ки ҳайрат аз созандагиҳои Самарқанд

Дидор пас аз 30 сол ё ки ҳайрат аз созандагиҳои Самарқанд

Ба қарибӣ дар шаҳри Самарқанд вохӯрии як гурӯҳ хатмкардагони шӯъбаи тоҷикии факултети филологияи ӯзбеку тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки 30 сол қабл ин таълимгоҳи олиро хатм намудаанд, ба амал омад.
Субҳ ҳамкурсон дар назди Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ҷамъ омаданд. Якдигарро ба оғӯши гарми худ кашида, аз чашмонашон ашки шодӣ ҷорӣ гашт. Онҳо саргарми сӯҳбати ширин буданд, ки роҳбари гурӯҳашон – доктори фанҳои филология, профессор Ҷумъа Ҳамроев ҳам омад. Онҳо дар яке аз дарсхонаҳо давраи тиллоии донишҷӯйиро ба ёд оварданд. Собиқ устодонашон Ботурхон Валихоҷаев, Солеҳҷон Ҳалимов, Раҳмонбердӣ Эгамбердиев, Шавкат Шукуров (ҷояшон аз ҷаннат шавад!) ва даҳҳо нафар устодони дигарро, ки сабақ гирифтаанд, ёдоварӣ намуданд.
Сипас, ҷойҳои таърихии шаҳри Самарқанд, мисли Ансамбли Регистон, мақбараи Амир Темурро тамошо карданд. Қабри Аввалин Президенти мамлакатамон Ислом Каримовро зиёрат намуда, гулҳои тару тоза монданд. Аз созандагиву бунёдкориҳои шаҳри Самарқанд дар ҳайрат афтоданд.
Сипас, сӯҳбатро дар сари як пиёла чой идома доданд.
– Солҳои 1984-1989 ба ин гурӯҳ роҳбарӣ карда будам. Дар гурӯҳ вакилони 7 вилояти Ҷумҳуриятҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон таълим мегирифтанд. Имрӯзҳо дар байни онҳо проректор, мудири кафедраи таълимгоҳи олӣ, директори коллеҷ, рӯзноманигори нашрияи вилоятӣ, ҷонишини директори мактабҳои таълими умумӣ, муаллимони сол ҳастанд, ки баҳри ривоҷи мамлакати озоду обод хизмат мекунанд, – изҳори ақида намуд Ҷ. Ҳамроев.
– Имрӯз хурсандиям ҳадду канор надорад. Баъди 30 сол ҳамкурсону устодонро дида, курта – курта гӯшт гирифтам. Самарқанд­ро аранг шинохтам. Хело зебо гардидааст. Сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуд ва имрӯз бе ягон мушкилӣ аз сарҳад гузаштанамон мумкин аст. Дӯстиамон абадӣ бошад! – гуфт хатмкардаи гурӯҳ, аз шаҳри Истаравшани вилояти Хуҷанд Ҳусен Ёрмуҳаммадов.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: