Ғолибон сазовори мукофотҳо шуданд

Ғолибон сазовори мукофотҳо шуданд

Шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва спорти «Ёшлик»-и Ӯзбекистон якҷоя бо Федератсияи вилоятии бадминтон дар байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2003-2005 мусобиқаи вилоятӣ гузаронд. Он дар мактаби спортии бачаҳо ва наврасони рақами 1-и шаҳри Самарқанд барпо гардид. Дар мусобиқа қариб 80 нафар писарону духтарон иштирок карданд.
Мусобиқа хеле шадиду шавқовар гузашт. Дар қувваозмоиҳои якка дар байни духтарон Сабина Наҷмиддинова ва дар байни писарон Отаҷон Маҷидов ҷойи якумро гирифтанд.
Дар мусобиқаҳои ҷуфтии духтарони бадминтонбоз Севинч Бозорова ва Севинч Элмуродова, дар байни писарон Сардор Қодиров ва Самариддин Нуриддинов ғолиб баромаданд.
Дар қувваозмоиҳои омехтаи ҷуфтӣ Сардор Турсунов ва Марҷона Авазова зинаи олии мусобиқаро ишғол карданд.
Ғолибони мусобиқа бо диплому медалҳо сарфароз гардонда шуданд.

Беҳзод АҲМАДОВ,
ҷонишини раиси шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва спорти «Ёшлик»-и Ӯзбекистон
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: