Тухмӣ хушсифат бошад…

Тухмӣ хушсифат бошад…

Омили асосии фаровонҳосилӣ тухми хушсифати зироат ба ҳисоб меравад. Деҳқонони асил пеш аз тайёр кардани замин дар ҷустуҷӯйи тухмии нағз мешаванд. Баъзан аз дӯкону бозор тухмии ягон хел зироатро харида мекоранд. Баъди чанд вақт мефаҳманд, ки тухмӣ бадсифат будааст. Дар натиҷа хароҷоту меҳнати зиёди онҳо барабас меравад.
Дар бозори деҳқонии Сиёб растаҳои махсуси тухмифурӯшӣ ҷой доранд. Мо дар ин ҷо бо Муслимбек Булдакови оқдарёӣ вохӯрдем. Ӯро ба мо ҳамчун тухмифурӯши ҳақиқӣ муаррифӣ намуданд.
– Мо ба аҳли оилаамон ба тайёр кардан ва фурӯхтани тухмиҳо машғулем, – гуфт Муслимбек Булдаков. – Ба ин касб пештар бобоям, баъд падарам Матниёзбобо ва ҳоло мо – фарзандон сару кор дорем. Агар ҳисоб карда бароем, сулолаи мо бештар аз 50 сол боз тухмипарварӣ мекунанд.
– Тайёр кардани тухмӣ заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Шумо барои киштану парвариш кардан ва тайёр намудани тухмиҳо чӣ қадар замин доред?
– Дар ҳавлӣ тахминан 40 хол замини корам дорем. Илова бар он боз қариб 1 гектар замин барои муваққатан корида гирифтан дар ихтиёри мост. Дар онҳо асосан 5 нафар кор мекунем. Тухмитайёркунӣ кори осон нест. Аз навъҳои беҳтарини кабудиву зироатҳо корида, нағз парвариш мекунем ва баъди пухта расиданашон тухмиҳояшро мегирем. Баъд корҳои хушк кардан, бехта тоза намудан ва ғайра пеш меоянд. Хулоса, ба ҳама корҳо вақт ёфтан ва дар муддати муайян онҳоро ба охир расонидан лозим аст.
– Баъзе деҳқонон аз тухмифурӯшон шикоят мекунанд, ки бо фанду фиреб маҳсулоташонро мефурӯшанд ва мо азоб мекашем, зарар мебинем…
– Мо ин хел намекунем. Деҳқон бо умед тухмӣ мекорад, то ҳосилашро гирад. Дар акси ҳол ҷанҷол бардошта меоянд. Ба тухмие, ки худамон боварӣ надорем, намефурӯшем. Фиреб диҳем, худамон фиреб мехӯрем.
– Замин моро мехӯронаду мепӯшонад. Боиси сарбаландиамон ҳам замин аст. Бигӯед, ки аз паси меҳнат ҳар сол аз замини наздиҳавлигӣ чӣ қадар даромад мегиред?
– Одам дар замин аз таҳти дил меҳнат кунад, замин одамро ноумед намегардонад. Рӯйи сурху сари баландамон аз паси меҳнати замин аст. Агар маблағҳои сарфкардаро барорем, фоидаи софи солонаамон ба 15-20 миллион сӯм мерасад.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: