99 фоизи ҷавонони Хитой саводноканд

99 фоизи ҷавонони Хитой саводноканд

Дар рӯйи замин кишварҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба мамлакати мо монандиҳо доранд. Яке аз чунин кишварҳои калон ва сераҳолитарини ҷаҳон Ҷумҳурии Мардумии Хитой мебошад.
Бояд гуфт, ки Хитой яке аз бузургтарин сармоягузор ва шарики тиҷоратии Ӯзбекистон ба шумор меравад, ки тӯли солҳои охир робитаҳои байни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун боз ҳам инкишоф ёфт. Айни замон ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва таълим арзи вуҷуд доранд.
Дар доираи чунин ҳамкориҳои таълимӣ, бо мақсади густариш додани равобити байни муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Хитой, таҷриба иваз намудани кормандони сохтор, бозомӯзии кадрҳои ботаҷриба, ошно сохтани халқи кишварҳо аз таърих, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар рӯзҳои 9-18-уми июли соли равон мо – гурӯҳи профессор-­устодони факултаи психология ва фанҳои иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба Ҷумҳурияти Мардумии Хитой рафтем.
Дар ин муддат ҳамроҳи ҳамкоронам Шаҳзода Неъматова ва Шоира Кубаева дар Мактаби тобистонаи «Роҳи бузурги абрешим»-и Донишгоҳи Сиан Жиатонги Ҷумҳурияти Мардумии Хитой такмили ихтисос намудем.
Назар ба маълумотҳо донишгоҳ дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойи 331-ро ишғол намуда, ҳоло дар ин боргоҳи бонуфуз қариб 14000 нафар донишҷӯён таҳсили илм менамоянд, ки беш аз 2000 нафари онҳо донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Дар таркиби донишгоҳ 20 факултет ва 50 кафедра амал мекунад.
Дар доираи барномаи Мактаби тобистонаи «Роҳи бузурги абрешим» барои мо оиди хат, забон, таърих ва фарҳанги Хитой, моделноксозии математикӣ, барномаҳои инноватсионии донишгоҳ маърӯзаҳо хонда, машғулотҳо гузаронданд.
Инчунин, тӯли фурсати кӯтоҳ аз обида, зиёратгоҳ, музей ва дигар манзилҳои сазовори диққати Хитой дидан кардем.
Ҳангоми мулоқот бо устодони донишгоҳ ва мардуми маҳаллӣ аён гардид, ки онҳо нисбати фарҳангу таърихи халқи мо таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ғайр аз ин, аз мероси гаронарзиши бузургони кишварамон воқиф ҳастанд.
Мамнунияти худро аз инкишофи робитаҳои байни кишварҳо изҳор намуда, таъкид карданд, ки устуворгардии ҳамкорӣ дар соҳаи таълим барои манфиати ҳар ду ҷониб хизмат мекунад.
Мо ҳангоми иштирок дар машғулотҳо фаҳмидем, ки эҳтироми халқи Хитой ба таърихи кишвари худ бузург аст. Гузаштаи ҳар як гӯшаи кишвари худро хуб омӯхтаанд ва ба насли ҷавон низ меомӯзонанд. Дар онҳо эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ пурзӯр аст. Шояд аз ин сабаб. Имрӯз Хитой аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба шумор меравад ва маҳз дар ҳамин давлат коғаз, қутбнамо, мошинкаи чопӣ ихтироъ карда шудааст.
Дар рафти сафари корӣ сохтори таълими Хитой, сабаби комёбӣ, муваффақият ва пирӯзиву ихтироъкориҳои ҷавонони ин кишварро омӯхтам. Аз рӯйи маълумотҳои ба дастомада аён гардид, ки дар Хитой ба сохтори таълим эътибори алоҳида медиҳанд ва эҳтиром нисбати омӯзгорон калон аст.

Хонандагони мактаб ҳар рӯз на кам аз 10 соат бо илмомӯзӣ машғул мешаванд. Дар баъзе мактабҳои Хитой пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ барои панҷ дақиқа истироҳат намудани хонандагон шароит муҳайё карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти яке аз ҳамсабақон дар тамоми мактабҳои кишвар хӯроки нисфирӯзии омӯзгорон бепул будааст. Инчунин, муаллимон метавонанд хонандагонро барои аз худ накардани дарс, амали ношоям ё рафтори нодуруст бо даст ва ё калтак зананд. Аз рӯйи нақли ӯ, ҳангоми таҳсил дар мактаб барои аз худ накардани луғати забони англисӣ борҳо аз муаллими фаннӣ калтак хӯрда будааст.
Дар анҷоми соли хониш рейтинги хонандагон таҳия гардида, беҳтаринҳо муайян ва аз тарафи маъмурияти мактаб эътироф мегардидаанд. Натиҷаи ин аст, ки қариб 99 фоизи ҷавонони Ҷумҳурияти Мардумии Хитой саводнок мебошанд (ин нишондиҳанда дар соли 1949 ҳамагӣ 20 фоиз, дар соли 2008 бошад 96,42 фоизро ташкил кардааст).
Дар Хитой қариб 1 200 000 нафар мутахассисони муҳандисӣ-­технологӣ ҳастанд ва ҳар сол беш аз 400 ҳазор нафар чунин муҳандисон муассисаҳои таълими олиро хатм мекунанд. Хитой аз рӯйи нишондиҳандаи мутахассисони муҳандисӣ-­технологӣ дар ҷаҳон ҷойи якумро мегирад.
Ҳангоми сафар боз бо чизе амин гардидем, ки мардуми Хитой азму иродаи қавӣ доранд ва ҳеҷ мушкиле онҳоро аз роҳ ҷониби орзуҳо бознамегардонад. Амиқ аст, ки ин самараи хиради воло ва таҷрибаи ҳаётии онҳо мебошад.

Гулноза СУЛТОНОВА,
доктори фалсафа, устоди ДДС
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: