Камонгарон ва Вағаштӣ дар барномаи «Қишлоқи обод»

Камонгарон ва Вағаштӣ дар барномаи «Қишлоқи обод»

Соли равон дар мавзеъҳои аҳолинишини Оқмачит, Тинчлик ва Сариқтеппа дар қатори 42-то қишлоқи вилояти Самарқанд бар асоси барномаи «Қишлоқи обод» корҳои ободониву бинокорӣ иҷро карда мешаванд.
Ба қарибӣ мушовири Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба ноҳияи Ургут омада, корҳои аз рӯйи барнома иҷрокардаро аз назар гузаронд.
Дар деҳаҳои ноҳияи Ургут бо тарзи зиндагии аҳолӣ аз наздик шинос шуд. Мурочиатҳоро оиди муаммоҳое, ки одамонро азият медиҳанд, шунид.
Аз ҷумла, дар қишлоқҳои Камонгарон ва Вағаштӣ то ҳол набудани муассисаҳои таълими томактабӣ, таъмир нашудани мактаб­ҳое, ки дар солҳои 80-90-уми асри гузашта бунёд гардидаанд, дар биноҳои москарда фаъолият бурдани пунктҳои тиббии деҳот, муаммо ва норасоиҳои масъалаҳои роҳ, оби ошомиданӣ, таъминоти қувваи электр ва ғайра қайд гардиданд.
Дар худи ҳамин ҷо бо иштироки фаъолони ду деҳа, масъулони ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия, садорат ва идораҳо муаммоҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Деҳаҳои Камонгарон ва Вағаштиро ба барномаи «Қишлоқи обод»-и соли 2020 дохил мекунанд, вале корҳои ободониву бинокорӣ худи ҳамин сол оғоз меёбад.
– Дар рӯзҳои аввали моҳи июл ба ин қарор омада, дар Камонгарон бо сарварии ҳокими ноҳия, дар Вағаштӣ бо роҳбарии прокурори ноҳия фаъолияти штабҳо ба роҳ монда шуданд, – гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия Ҳусниддин Қосимов, – гурӯҳҳои кории аз мутахассисони соҳаҳо иборат вазъи муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, хонадони аҳолӣ, роҳ ва шабакаҳои коммуникатсионии дигарро омӯхтанд. Ташкилоти лойи­ҳакашӣ доир ба обод намудани қишлоқҳо лоиҳаҳои намунавӣ тайёр намуд. Дар ҳамин асос барномаҳо таҳия карда, корҳое, ки дар ин ду деҳа бояд амалӣ шаванд, муайян гардиданд. Ҳокими вилоят бо аҳолии деҳаҳо вохӯрда, оиди корҳои бунёдкорие, ки дар ин ҷо бояд амалӣ шаванд, маълумот дод, дарду ташвишҳои одамон, мақсаду нақшаҳои онҳоро шунид. Садорати тандурустии вилоят барои аҳолии деҳаҳо назорати тиббии васеъ ташкил кард. Ходимони бонк, кадастр ва идораҳои хоҷагии коммуналӣ хонадон ба хонадон гашта, ба аҳолӣ хизматҳои худро пешниҳод мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки ҳалли муроҷиатҳоро дар худи ҳамин ҷо ёбанд.

Дар муддати кӯтоҳ ҳар ду деҳа ба майдони сохтмон табдил ёфт. Таъмири асосии мактаби таълими миёнаи рақами 102-юм (барои 784 хонанда), ки аз бунёдаш дар соли 1990 инҷониб таъмир карда нашудааст, оғоз ёфт. Мактаби рақами 49-умро низ таъмири асосӣ намуда, ҳоло барои 360 хонанда бинои иловагӣ месозанд.
Дар мактаби рақами 9-уми деҳаи Вағаштӣ низ сохимони бинои иловагӣ барои 420 хонанда оғоз ёфтааст. Дар ин мактабҳо варзишгоҳҳои замонавие, ки рӯпушҳои сунъӣ доранд, ташкил карда мешаванд. Дар ҳар ду маҳалла дар асоси шарикии давлатӣ – хусусӣ яктогӣ муассисаи таълими томактабӣ месозанд. Инчунин, барои сохтмони ҳаммом, сехи нони «қолабӣ», як қатор маҷмӯаҳои савдо ва хизмати маишӣ ҷойҳо муайян карда шуданд.
– Деҳаи мо дар ноҳия яке аз сераҳолитаринҳо аст, – гуфт раиси ҷамъомади шаҳрвандони деҳаи Камонгарон Болта Акрамов. – Дар қариб 1700 хонадон беш аз 11 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунад. Халқи мо – тадбиркор, одами бекор нест. Ҳар кас машғули шуғле аст. 6-то корхона фаъолият дорад. Бинобар ин одамон ҳавлиҳои худ ва атрофи онро худашон обод мекунанд. Ба беш аз бист хонадоне, ки имконияташон ба таъмири ҳавлиашон кифоя нест, ёрӣ мерасонем.
Аз рӯйи барнома ба 40 километр роҳи ҳудуди деҳаамон шағал мерезанд, 7 километрашро мумфарш мекунанд, 86 дона сутунҳои электр мешинонанд ва 2,5 километр кабел мекашанд, 14-то трансформаторро таъмир намуда, 1-то навашро ба кор медароранд.
Ба хонадонҳои деҳаамон асосан аз чашмаҳои кӯҳсор нили об кашидаанд. Ду ҳавзи ин ҷо низ таъмир карда мешавад. То ҳол дар деҳаамон якто оби артезианӣ буд, акнун боз якто мекобанд. 1,6 километр нили об мегузаронанд. Пункти тиббии деҳа ва шӯъбаи ёрии таъҷилии тиббиро тармим намудан муайян шудааст.
Боз як навгоние, ки хамдеҳаҳоямонро мамнун намуд, дар доманаи кӯҳи шафати деҳаамон, дар 5 гектар майдон барпо намудани боғи истироҳатӣ шуд. Дар ин ҷо ҷавонони деҳа, тадбиркорон дар асоси лоиҳаҳои муайяншуда, масканҳои истироҳатӣ ташкил намуда, аттраксионҳо меоранд. Ҳамин тавр Камонгарон ба шаҳраки зебое табдил меёбад. Одамон лоиҳаи нави замонавии деҳаамонро дида, дар амалӣ шудани он ҳисса гузоштанианд.
Дар деҳаи Вағаштӣ низ, ки беш аз 7100 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, то ҳол муассисаи таълими томактабӣ набуд. Пункти тиббии деҳа бошад, дар биное, ки як вақтҳо аҳли маҳалла бо роҳи ҳашар бунёд карда буданд, фаъолият пеш мебарад. Дар ин ҷо роҳҳои дар зимистон лой, дар тобистон чанг ва ҳавлиҳои бе деворро то ҳол мебинед. Таъминоти одамон бо оби ошомиданӣ хуб нест.
– Ба барномаи «Қишлоқи обод» дохил гардидани деҳаамон ва оғози корҳо дар ин самт кайфияти аҳолиро баланд кард, – гуфт раиси ҷамъомади шаҳрвандони деҳаи Вағаштӣ Илҳом Латифов. – Бо тайёр шудани лоиҳаи кӯча ва хонаҳо, мактаб, боғча, пункти тиббии деҳа ва объектҳои дигар одамон обод кардани маскани худро оғоз намуданд. Қариб 70-то хонаву ҷойро таъмир мекунанд. Дӯконҳои савдо ва хизматрасониеро, ки соҳибонаш дар маркази маҳалла аз рӯйи лоиҳаи худ сохтаанд, вайрон карда, ба ҷойи онҳо бинокорон мувофиқи лоиҳаи замонавӣ маҷмӯае месозанд. Онҳо низ аз паи кор шуданд. Дар шафати пункти тиббии деҳа пойдевори бинои навашро гузоштанд. Ба 28 километр роҳи деҳа шағал рехта, 4 километрашро мумфарш мекунанд.
Дар шабакаҳои қувваи электр муаммоҳо дорем. Акнун онҳоро низ барҳам медиҳанд. Аз рӯйи барнома дар деҳаамон 126 дона сутуни электр шинонда, 3,7 километр кабели электр мекашанд, 9-то трансформаторро тармим мекунанд ва 1-то трансформатори нав мегузоранд. Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ 1-то чоҳи артезиании нав кофта, 4,3 километр нили оби ошомиданӣ мекашанд. Дар маркази деҳа сохтмони «боғча» оғоз ёфт. Умуман, аз рӯзе, ки ташаббуси мазкурро эълон карданд, беш аз як моҳ вақт гузашта бошад ҳам, аллакай дар деҳаамон ба иҷрои корҳои ба назар намоён даст заданд. Аз ҳама муҳимаш, боварии одамон ба рӯзи оянда афзуд.
Дарвоқеъ, дар доираи корҳои ободонӣ-­сохтмоние, ки дар ин ду деҳаи ба ҳам ҳамсоя оғоз ёфтанд, дар сойи Ургути байни Камонгарон ва Вағаштӣ сохтани пули «Дӯстӣ»-и дарозиаш 27 метр низ дар назар аст.

Ғолиб ҲАСАНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: