Боғе, ки таърихи якунимасра дорад…

Боғе, ки таърихи якунимасра дорад…

Соли 2004 Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Боғи марказии шаҳри Самарқанд ташриф оварда, оиди дар ҷойи ошхона бунёди Мактаби шоҳмот супориш доданд. Инчунин, бо пешниҳоди Аввалин Президент Боғи марказӣ бо номи Алишер Навоӣ номгузор шуд.
– Боғи марказии шаҳри Самарқанд таърихи беш аз якунимасра дошта, майдони боғ 12,5 гектар аст, – мегӯяд сарвари боғ Фарҳод Ҷалолов. – Солҳои 1867-1870 бо сарварии олими ботаники россиягӣ Абрамов дар боғ ниҳолҳои дуб, липа, қарағай ва намудҳои дигари дарахтон шинонида мешаванд. То ҳол кормандони Садорати хоҷагии ҷангали вилоят ва олимони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои зиёд кардани ин дарахтон ҳаракат мекунанд. Ҳоло дар боғ беш аз 30 намуди дарахтони аз 10 то 150 сола ба ҳусни маркази шаҳр таровати хоса зам мекунанд. 22 нафар корманд барои хуб сабзидани дарахтон, қариб 20 ҳазор навъи гулҳо, ки аз хориҷа оварда шудаанд, пайваста ҳаракат менамоянд.
Дар қисми марказии боғ Мактаби шоҳмот фаъолият дорад. Беш аз 100 нафар ҷавонони шоҳмотдӯсти ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Тайлоқ, Пастдарғам ва шаҳри Самарқанд зери роҳбарии шоҳмотбози шинохта Абдуваҳоб Воҳидов асрори шоҳмотбозиро меомӯзанд. шогирдони мактаб Акобир Саидалимов, Самандар Ҳикматуллоев ва Далер Воҳидов чемпиони Осиё шуданд.
– Имрӯзҳо дар вилоят корҳои омодагӣ ба Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» ва Иди истиқлол дар авҷ аст, – ба сухан ҳамроҳ шуд сарагрономи боғ Олимҷон Зайниев. – Дар доираи чорабиниҳо амфитеатри «Мӯҷиза», ки дар ҳудуди боғ ҷойгир аст, таъмири ҷорӣ гардид. Ба дарахту ниҳолҳо шакл додем. Майдонҳо обод карда шуданд.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: