Исомӣ – пайрави арзандаи Фирдавсӣ ва Низомӣ

Исомӣ – пайрави арзандаи Фирдавсӣ ва Низомӣ

Илму адаб дар тамоми давр­ҳои таърихи Самарқанд ҳаргиз хомӯш набудааст. Аз ҷумла, баъд аз истилои муғулҳо, ки қариб 150 сол идома дошт, баробари сар бардоштани халқ бар зидди аҷнабиён, ҷунбишҳои адабӣ ба вуҷуд омада, чеҳраҳои намоёни адабиёт зуҳур намуданд.
Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр Хоҷа Абдулмалики Исомӣ ба шумор меравад, ки соли 1311 дар Самарқанд мутаваллид шудааст. Дар манбаъҳо номи ӯ чун олими фақеҳ ва шоири тавоно зикр гардида, аз ҷумла, Ибни Арабшоҳ ӯро аз авлоди муаллифи «Ҳидоя» Бурҳонуддини Марғинонӣ шуморида, гуфтааст, ки бо мударрисӣ машғул буд. Дар вақтҳои холӣ ба одамон бозиҳои нард ва шатранҷро омӯхта, инчунин шеър ҳам менавишт. Ҳассони Анӯшӣ ва устод С. Айнӣ қайд кардаанд, ки ӯ бо тахаллусҳои «Исомӣ» ва «Ассорӣ» низ шеър мегуфт. Ӯ дар арафаи 40-солагиаш бо мақсади ба назм даровардани «таърихи шоҳони Ҳиндустон» ба дарбори подшоҳи Дакани Ҳиндустон роҳ пеш мегирад, ки дар он вақт аз сулолаи Баҳманиён – Алоуддин Ҳасани Баҳманшоҳ ҳукмрон буд. Дар ин ҷо ба навиштани маснавии «Футуҳу-­с-салотин» («Ғалабаҳои подшоҳон») бо забони форсӣ-­тоҷикӣ дар бораи таърихи подшоҳони Ҳинд оғоз кардааст. Исомӣ дар пешгуфтор сабаби наз­ми маснавиро, ба ивази ҷуброни ду девони ашъори худаш медонад, ки бо кадом сабабе онҳоро гум кардааст. Мувофиқи таъкиди шоир, ӯ назми маснавиро соли 1350 ба итмом расонидааст.
Доир ба асари мазкур муҳаққиқ Сайид Маҳдии Таботабоӣ дар мақолаи тадқиқотии худ «Баррасии сабки манзумаи «Футуҳи салотин»-и Исомӣ» маълумоти муҳим оварда навиштааст, ки ин манзумаро «Шоҳномаи Дакан» ва муаллифи онро «Фирдавсии Дакан» меномиданд. Ӯ дуруст қайд намудааст, ки «мутаассифона, ин шоир дар густараи кунунии забони форсӣ, чунонки бояду шояд, шинохташуда нест». Дар ҳақиқат, маснавӣ ва девони пайдогардидаи шоири самарқандӣ дар оянда тадқиқоти худро мунтазир аст. Ҳассони Анӯшӣ гуфтааст, ки маснавӣ аз 12 ҳазор байт иборат буда, ҳанӯз соли 1890 дар Калкутта ба чоп расидааст. Исомӣ дар достонсароӣ худро пайрави Фирдавсӣ ва Низомӣ ҳисобидааст. Чунончи гуфтааст:

Ду шоир дар ин фан чу корогаҳон
Рабуданд гӯйи камол аз ҷаҳон.
Яке ҷилвае дод товусро,
Чу Фирдавс орост мар Тӯсро.
Дувум булбул овард андар наво,
Шараф дод мар гулшани Ганҷаро.
Бикардам ман он ҳар дуро пайравӣ,
Шудам пайрави ҳар ду дар маснавӣ.

Маснавии Исомӣ дорои аҳамияти ҳам таърихиву ҳам адабӣ буда, таърихи 350 соли сарзамини Ҳиндро дар қолаби шеър баён намудааст. Асари мазкурро наметавон пурра достони қаҳрамонӣ-­ҳамосавӣ номид, зеро дар он унсурҳои шеъри таълимӣ-­ахлоқӣ ва шеъри лирикӣ низ зиёд ба назар мерасанд.
Чун иштиёқи ватан дар дили шоир пурзӯр гардида буд, ӯ дар муддати дую ним сол маснавиро ба итмом расонида, сафари Ҳиҷоз намуд ва сипас, аз он ҷо ба Самарқанд баргашт.
Дар ин вақт Амир Темур ба сари ҳокимият омада буд ва ӯро бо икрому эъзоз шайхул­исломи Самарқанд таъин намуд. Ҳарчанд Исомӣ аслан аз тоифаи уламои дин буд, аммо ин вазифа ба машғулоти адабии ӯ мамониат накардааст. Исомӣ чун шоири касбии тавоно ба таври доимӣ ба эҷоди шеър машғул гардидааст. Ба ин гуфтаҳо ғазали бо маҳорати калони бадеӣ эҷод кардаи ӯ, ки аз девонаш чун намунае дар даст аст, гувоҳи равшан мебошад. Мо аз мавҷуд будани девони Исомӣ, ки дар китобхонаи Байрут (Лубнон) нигоҳдорӣ мешавад, дарак ёфтаем, ки он ғайр аз ғазалиёт, қасидаҳоеро низ бахшида ба мадҳи Амир Темур дар бар гирифтааст. Муҳаққиқ Шайхоқо Бузурги Теҳронӣ оиди нусхаҳои дастнависи шоирони асрҳои гуногун маълумоти муфид оварда, аз ҷумла, дар китобхонаи шаҳри Лубнон мавҷуд будани дастнависи шеърие хабар додааст. Дастнавис таҳти рақами 4999 ҷойгир буда, «Девони Исомии Самарқандӣ» ном дорад. Муаллиф овардааст, ки «номи ӯ Абдулмаликхон буда, дар аҳди Амир Темур дар Самарқанд шайхул­ислом буд. Ӯ устоди Бисотии Самарқандӣ аст. Шеъраш бо тахаллуси Исомӣ таҳти рақами ЛТ‑5 оварда шуда, тарҷумаи ҳоли ӯ дар «Тазкират-­уш-­шуаро» мавҷуд аст. Назми маснавии «Футуҳ-­ус-­салотин»-и Исомӣ соли 751 ба итмом расонидааст. Он бо тасҳеҳи Юшаъ дар Мадрас бо 780 саҳифа соли 1948 чоп шуд».
Доир ба вафоти Исомӣ маълумот вуҷуд надорад ва ӯ умри дароз дида, зоҳиран дар аввалҳои асри 15 дар Самарқанд фавтидааст. Шоир аз худ ду девон – яке ба арабӣ ва дигаре ба тоҷикӣ мерос гузоштааст.

Ф.ШУКУРЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: