Ошуфтаи олами пурасрори санъат

Ошуфтаи олами пурасрори санъат

Он айём Ҷаводбек мактабхон буд. Аз аксарияти фанҳо баҳои «қаноатбахш» мегирифт ва ба ҷойи дарстайёркунӣ ҷузвдонро ба гӯшае партофта, сӯи кӯча метохт. Модари бечора бо таваллою зорӣ мегуфт, ки «писарҷон, китоб хон, дарс тайёр кун»». Аммо вай гӯшро ба карӣ зада, то фурӯ рафтани офтоб майдони варзишро «иҷора» мегирифт. Волидаи мукаррама аз сабаби сахтгир, бадҷаҳл ва қатъӣ будани сарвари оила аз шикоят кардан метарсид.
Як рӯз роҳбари синфаш омаду масъаларо ба Ҷӯрабекамак фаҳмонд. Ғазаби падари бузургвор ҷӯшида, хост писари шӯху беқарори худро бо тасма танбеҳ диҳад, аммо боз модари дилсӯз «обсофкунак» шуд. Вай ба шавҳараш фаҳмонд, ки бо сиёсат ва задан не, балки саргарми маҳфилҳои гуногун кунанд, фарзандро аз майдони варзиш дилхунук кардан мумкин аст.
Ҷӯрабекамак бо маслиҳати ҳамсараш писарашро ба мактаби мусиқии маҳалла бурд. Бо пешниҳоди рубобнавози шинохта Маннон Турсунов Ҷӯрабекамак ба ҷигаргӯшаи худ асбоби мусиқӣ харида дод ва гуфт, ки дар майдони варзиш камтар чорхез занаду рубобнавозиро омӯзад. Охир олами санъат асрорангез мебошад.
Ҷаводбек дар ду-­се машғулоти мусиқӣ иштирок карду, ин кор зуд ба дилаш зад ва боз сӯи майдончаи варзиш тохт. Илтимосу илтиҷои модар нисбати ба мактаби мусиқӣ рафтан кор надод. Ҷаводбек «пушти ману табари қассоб» гуфта, аз паси тӯп тохтанро авлотар донист. Ҷӯрабекамак рубоби бе тор ва як гӯшааш шикастаро дида, оташин шуд. Вай ба мақоли «хирс мулло шавад аз зарби чӯб» амал карда, бо химча ба банди дасти писараш чунон зад, ки вай гӯшашро наҷунбонда ба дарси мусиқӣ раҳсипор шуд. Устоди аввалинаш Маннон Турсунов тамоми маҳорати педагогии худро ба кор андохта, санъатомӯзиро аз таърифу ситоиш оғоз намуд:
– Ҷаводбек, ту истеъдод дорӣ, – гуфт Маннон Турсунов. – Чаро онро ривоҷ намедиҳӣ, ман ҳайрон. Баъдан, мусиқӣ – манбаи пурқудрати тафаккур. Агар ту ба мусиқӣ дил бандӣ, аз ҳама фанҳо баҳои баланд мегирӣ. Аълохон шавӣ, ҳама туро дӯст медорад, эҳтиром мекунад.
Суханҳои пандомези Маннон Турсунов таъсири худро гузошт, ки Ҷаводбек ба тадриҷ тағ­йир ёфт. Чӣ тавре, ки устодаш пешгӯӣ карда буд, дар синф аз сафи пешқадамон ҷой гирифт. Дар озмунҳои «Навниҳолони умед»-и дастаи ҳаваскорони санъ­ати бадеӣ иштирок карда, истеъдоди худро сайқал дод.
Баъди хатми мактаби таълими умумии рақами 18-и шаҳри Самарқанд ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи санъати ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов (ҳоло коллежи санъат) супурд. Аз санҷишҳои эҷодӣ сарбаландона гузашта, аз устодони соҳибтаҷриба, сахтгир, вале меҳрубон Олимбой Раҳмонов, Илҳом Ҷаводов, Пётр Василевич Ан, Гавриэлов, раҳматӣ Хироҷ Асроров бисёр чизҳоро омӯхт.
Ҷаводбек ба олами дилангези мусиқӣ бештару хубтар ворид гашта, истеъдодаш сайқал меёфт. Вай дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ширкат варзида, комёбиҳои нав ба нав насибаш мегашт. Дар анҷуману маъракаҳои гуногун баромад карда, бо сурудҳои дилошӯбу оҳангҳои гуворо табъи сомеъонро болида месохт. Бо гузашти айём дилаш ба олами пурасрори санъат ошуфтатар мегардид ва пайваста барои маҳорати касбиву назарии хеш ҳаракат мекард.

Вориси муносиб

Ҷаводбек Козимов ба бисёр санъаткорони номдори Ӯзбекистону Тоҷикистон даъвои шогирдӣ дорад. Яке аз онҳо шодравон Ӯрунбой Нуралиев буд. Вай тақлидомез ва пайваста сурудҳои ин ҳофизи маҳбуби халқро иҷро мекард. Боре шунид, ки Ӯрунбой Нуралиев бемор шудааст. Барои аёдати устоди хаста рахти сафар баст ва ба шаҳри Намангон рафт. Сӯҳбати устоду шогирд зуд қаймоқ баст.
– Устод, агар иҷозат диҳед, суруди шумо «Соғинсам, отажон» («Ёд кунам, падарҷон»)-ро наздатон иҷро намоям, – гуфт Ҷаводбек. – Шумо худ баҳо диҳед.
– Ба чашм, – табассум дар лабони Ӯрунбой Нуралиев гул кард.
Ҷаводбек гӯё боз аз имтиҳон мегузашта бошад, тамоми ҳунарашро намоиш дод. Ҳамин ки суруд ба поён расид, Ӯрунбой Нуралиев аз ҷояш хест ва шогирдро ба оғӯш кашида гуфт:
– Ҷаводбек, минбаъд ин суруд моли шумост. Ба фикрам маҳорати иҷрои шумо аз ман дар сатҳи баландтар аст. Ба шумо омад ва зафар металабам!
Боиси хурсандист, ки Ҷаводбек чунин таърифу ситоишро аз Камолиддин Раҳимов, Ортиқ Отаҷонов, Шералӣ Ҷӯраев, Ҷӯрабек Муродов ва дигар санъаткорони машҳур низ шунидааст.

Масъулияти устодӣ

Узви Иттиҳоди бастакорони Ӯзбекистон, номзади таълими мусиқӣ, дотсент, муаллифи беш аз 50 номгӯй дастурҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ Ҷаводбек Козимов ҳоло декани факултаи таълими мусиқии Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошад. Вай ҳамчун вакили пешқадами соҳаи санъат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тамоми донишу ҳунари хешро ба насли наврас омӯзад.
– Дар факултаи мо барои таълиму тарбияи писаракону духтаракони санъатдӯст шароити хуб фароҳам оварда шудааст, – мегӯяд Ҷаводбек Ҷӯрабекович. – Қариб 500 нафар донишҷӯй ихтисосоти гуногунро меомӯзанд.
Бояд гуфт, ки яке аз панҷ ташаббуси Президентамон барои баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба мусиқӣ, рассомӣ, адабиёт, театр ва намудҳои дигари санъат, рӯёб намудани истеъдоди онҳо нигаронида шудааст, ки ин пешниҳод ба мо намояндагони соҳа руҳи тоза бахшид.
Имрӯзҳо мо бо мақсади дар амал таъмин кардани иҷрои он фаъолият мебарем. Бояд гуфт, ки таваҷҷӯҳи мардум низ ба соҳаи санъат меафзояд. Исботи инро мо дар афзудани адади довталабон, ки ба факултети мо ҳуҷҷат месупоранд, диданамон мумкин аст. Дар мисоли соли ҷорӣ гирем, бори нахуст ба шӯъбаи рӯзона беш аз 400 нафар ва ба шӯъбаи ғоибона қариб 600 нафар довталабон ҳуҷҷат супурданд. Барои як ҷой 6-7 нафар мувофиқ омад. Имтиҳонҳои эҷодӣ шаффоф, ошкоро ва бо адолат гузаронида шуд ва беҳтаринҳо дохил шуданд.
Қобили эътироф аст, ки дар кишвари маҳбуб низ ба ривоҷи санъат эътибори калон дода мешавад. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 6-10-уми сентябри соли гузашта дар шаҳри Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё Анҷумани байналхалқии санъати мақом гузаронида шуд. Инчунин, аз соли 1997 ин ҷониб дар шаҳри қадимии мо Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» гузаронида мешавад. Соли равон низ Самарқанд бори дигар мизбони ин анҷумани бонуфузи санъат мегардад.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми феврали соли равон «Дар бораи чораҳои тайёрӣ ба гузаронидани Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» бори дувоздаҳум ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» гузаронида мешавад. Имрӯз корҳои омодагӣ дар авҷ аст.
Соли ҷорӣ дар ин ҷашнвораи байналхалқӣ, ки рӯзҳои 26-30-юми август гузаронида мешавад, иштироки 146 нафар хонанда ва созандаҳо дар назар аст. 29 ҷамоаи мусиқӣ иборат аз вакилони 33 кишвари ҷаҳон чун Аргентина, ИМА, Венгрия, Испания, Ҷумҳурияти Корея, Латвия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Сингапур, Хитой ва Ҳиндистон байни худ қувва меозмоянд.
Ҷамоаҳои мусиқии Фижи ва Мянма бори аввал дар фестивал иштирок мекунанд. Сол то сол афзудани теъдоди иштирокдорони «Таронаҳои Шарқ» аз он далолат медиҳад, ки нуфузи ин ҷашнвора дар саросари ҷаҳон боло меравад. Хурсандиовар аст, ки як нафар донишҷӯи донишгоҳи мо низ имсол иштирокдори Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» мебошад ва ҳоло ба он тайёрӣ мебинад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: