Иҷрои ташаббусҳои Президент – дар амал

Иҷрои ташаббусҳои Президент – дар амал

Дар маҳаллаи Ургутӣ‑1-и шаҳри Самарқанд бахшида ба иҷрои панҷ ташаббуси Президенти мамлакатамон тадбири маънавӣ-­маърифатӣ гузаронида шуд.
– Маҳаллаи мо яке аз маҳаллаҳои қадимтарини шаҳри Самарқанд ба ҳисоб меравад, – дар ифтитоҳи тадбир гуфт раиси ҷамъомади шаҳрвандони маҳалла Абдуҳалим Муҳаммадиев. – Дар чор гузари маҳаллаамон 670 оила аҳлу тифоқона ҳаёти фаровон ба сар мебаранд. Ташаббусҳои Президенти мамлакатамон барои баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба мусиқӣ, рассомӣ, адабиёт, театр ва намудҳои дигари санъат, рӯёб гардондани иқтидорҳои истеъдоди онҳо, тарбияи ҷисмонии ҷавонон, истифодаи самараноки ҷавонон аз технологияҳои коммуникатсионӣ, баланд бардоштани маънавияти ҷавонон ва тарғиби васеи китобхонӣ, бо кор таъмин кардани занону духтарон хизмат менамояд.
Дар тадбир мутахассиси маҳалла Нодира Ҳалимова, Шароф Шарофиддинов, Субҳон Ҳабибуллоев, Эргаш Зокиров, инспектори профилактикии участкавӣ Ориф Холҷигитов ва дигарон баромада оиди таъмини иҷрои ташаббусҳои Президент, нақшаҳои оянда, вусъати корҳои маънавият ва маърифат дар маҳалла сухан ронданд.
Дар тадбир намунаҳои маҳсулотҳои ҳунармандӣ, нону қаннодӣ ва ғайраи сокинони маҳалла ба намоиш гузошта шуданд. Хурдтаракон бо рақсу сурудҳои дилнишини худ баромад карданд. Варзишгарони навраси маҳалла, ки асосан дар мактаби таълими умумии рақами 27 мехонанд, ҳунару маҳорати худро намоиш доданд. Озмуни шоҳмотбозон ва рассомони наврас ҳам бо рӯҳияи баланд гузашт.

Б.ҶУМЪАЕВ.

.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: