Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!

Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!

Зери ҳамин шиор дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хӯҷасоати шаҳри Самарқанд ҷамоаи бадеии ҳаваскорони маркази фарҳангии рақами 5 тадбири маънавӣ-­маърифатӣ гузаронд.
Тадбир бо мақсади таъмини иҷрои ташаббусоти муҳиме, ки аз тарафи Президенти мамлакат пешниҳод гардиданд, ташкил гардид ва, онро фаъоли маҳалла Ғолиб Усмонов ифтитоҳ бахшид ва оиди корҳои ободсозии маҳалла, шароитҳое, ки барои аҳолӣ муҳайё карда мешаванд, сухан кард.
Ҷонишини раиси Шӯрои шаҳри Самарқанд доир ба мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон Зокирҷон Давронов ва корманди хазина Шуҳрат Қӯчқоров дар бораи аҳамияти гузаронидани тадбир ба мезони корӣ корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ табдил ёфтани ташаббусҳои муҳим, саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ҳарф заданд.
Дар доираи тадбир тарбиягирандагони муассисаи таълими томактабии рақами 106 бо барномаи худ иштирок карда, шеъру сурудҳо хонданд ва бо рақсҳои дилкаш табъи иштирокдоронро болида сохтанд.
Баромадҳои ҷамоаи бадеии ҳаваскорони маркази фарҳангиро аҳли маҳалла хуш истиқбол намуданд.

Очил ҶУМЪАНАЗАРОВ,
директори маркази фарҳангии рақами 5
.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: