Хабари шабакаҳои иҷтимоиро мутахассисон инкор карданд

Хабари шабакаҳои иҷтимоиро мутахассисон инкор карданд

Дар Самарқанд эпидемияи сурхча паҳн гардид…
Теъдоди кӯдаконе, ки бо бемории сурхча ба шифохонаҳо муроҷиат карданд, беш аз садторо ташкил кард…
Адади гирифторони бемории сурхча ба 371-то расид…
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин хабарҳо паҳн шуданд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала дирӯз дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории ваколатхонаи ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон ва Маркази бозомӯзии журналистон зери мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои саломатии кӯдак, бахусус, иммунизатсия дар ВАО» семинар баргузор гардид.
Дар тадбир мушовир оиди робита бо ҷамоатчигии ваколатхонаи ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон Наргиза Эгамбердиева, медиа-­тренери Маркази бозомӯзии журналистон, номзади фанҳои филологӣ Наргиза Қосимова, ҷонишини сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Зулфия Қӯчқорова, ва дигарон оиди сарусадоҳои зиёди бардурӯғ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди бемории сурхча паҳн шуданд, маълумот доданд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар кишварамон аз тарафи ЮНЕСИФ барои эмкунии кӯдакон як қатор корҳои ташкилӣ, чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида мешавад. Бахусус, бо ёрии ваколатхонаи ЮНЕСИФ дар Ӯзбекистон ваксинаи нав харида шуд. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва афзунсозии таҷрибаи шифокорони ин самт дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам семинар-­тренингҳо ташкил мегардад.
– Хабарҳои шабакаҳо оиди дар Самарқанд паҳн гардидани касалии сурхча дурӯғ аст, – гуфт Зулфия Қучқорова. – Ҳангоми паҳн шудани ин хабарҳо бачаҳоро аз назорати лабораторӣ гузарондем ва танҳо дар 29 нафар кӯдак аломатҳои бемории сурхча аниқ карда шуд.
Мутахассисон ба рӯзноманигорон дар бораи афзалиятҳои эмкунӣ ва натиҷаҳои салбии нагирифтани ваксинаи кӯдакон маълумот дода, ба саволҳо ҷавоб гардонданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: