Оилаҳои ибратнок муайян гардиданд

Оилаҳои ибратнок муайян гардиданд

Дирӯз дар боғи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Конигил қоғоз»-и маҳаллаи Конигили ноҳияи Самарқанд зинаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи ибратнок” гузаронида шуд.
Дар озмун, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораву тадбирҳои дар мамлакатамон батамом такмил додани фаъолияти мустаҳкамнамоии институти оила ва дастгирӣ намудани занону духтарон бобати мустаҳкамсозии оилаҳо ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ» ташкил гардид, ғолибони зинаҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз рӯйи як қатор шартҳо қувва озмуданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ ба оилаи Ҳусниддин Норматов ва Обод Тоҷиева аз маҳаллаи Гумбази ноҳияи Пастдарғам ҷойи якум, ба оила А.Нарзуллоев аз шаҳри Каттақӯрғон ҷойи дуюм ва оилаи Аҳтамовҳо аз ноҳияи Ургут ҷойи саввум насиб гашт.

  • Аз ин чил сол муқаддам оила сохтем, — гуфт Ҳусниддин Норматов. – Худоро шукр, се фарзандро соҳиби маълумот, касбу кор ва хонаву ҷой кардем. Шаш нафар набераамон ҳаст. Бо тадбиркории оилавӣ машғулем. Мувофиқи ҳаракатамон роҳати меҳнатамонро мебинем. Оилаамон осоишта, рӯзгорамон фаровон аст. Аз маҳалла ва деҳаҳои ҳамсоя 115 нафар шаҳрвандро бо кор таъмин кардам. Бо пешниҳоди аҳли маҳалла дар озмун иштирок карда, ғолиб гардидем, ки аз ин хурсанд ҳастем. Дар озмун иштирок карда, бори дигар фарзандонам аз таҳти дил эҳсос намуданд, ки оила то чӣ андоза муқаддас аст. Оила тинҷу осуда бошад, дар кор самара мешавад, ба мақсадҳо расидан осон мегардад.
    Инчунин, дар озмун аз рӯйи равияҳои “Оилаи аз ҳама бомаданият”, “Оилаи аз ҳама заковатманд”, “Оилаи меҳнатдӯсттарин” ва ғайра ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳои ташкилотчиён сарфароз гардиданд.
Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: